САҲА нобудкунии силоҳи мусодирашударо дар Тоҷикистон назорат мекунад
Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, нобудсозии беш аз 1000 адад силоҳи оташфишони аз мардуми кишвар мусодирашударо назорат мекунад.
САҲА мегӯяд, ба мақомоти Тоҷикистон таҷҳизоти махсуси нобудсозии силоҳро ироа кардааст, ки бо истифодаи он масъулини Вазорати умури дохилӣ дар маҷмуъ 1 ҳазору 165 силоҳро нобуд хоҳанд кард.
Генерал Фарҳод Шодмонбеков, намояндаи ВКД аз иқдоми САҲА дар соҳаи назорати силоҳ истиқбол карда, афзуд, ки гарчанде сол ба сол мусодираи силоҳ аз мардуму паноҳгоҳҳо дар Тоҷикистон кам шудааст, бо вуҷуд ҳанӯз чунин ҳолатҳо ҷой доранд. Шодмонбеков изҳори умед намудааст, ки ҳамкорӣ бо САҲА дар умури амният густариш хоҳад ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |