Насриддин Қаландаров, як сокини рустои Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бо ҳукми суди вилояти Хатлон ба мӯҳлати 20-сол аз озодӣ маҳрум гашт.
Тибқи иттилои Музаффар Мирамиршоев, муовини раиси суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, маҳкумшуда шаби 10-уми январи имсол дар якҷоягӣ бо сокини дигари ҳамин ноҳия бо исми Акрам Турсоатов, ба бахши дар Данғара будаи «Ориёнбонк» омада, посбони он Файзовро бедор карда, вориди бинои бонк гаштаанд. Баъдан, бо истифода аз арматура ва бел посбонро зада ғалтонда, сипас бо корди хоҷагӣ ба гарданаш зада, ӯро ба ҳалокат мерасонанд.
Мақомоти прокуратура ва додгоҳ Қаландаровро бо моддаи 104, қисми 2 кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба мӯҳлати 20-сол, 2-соли аввал дар маҳбас ва 18-соли боқӣ дар колоннаи низомаш сахт, равонаи зиндон намуд.Аммо ҳамроҳу ҳамкори ӯ дар ҳолати содир намудани ҷиноят Акрам Турсоатов, бо айби номукаллаф (бемории рӯҳӣ) буданаш, аз ҷазо дур мондааст.
Дар ҳамин ҳол, дар суди минтақавии Кӯлоб тибқи иттилои ҷаноби Мирамиршоев, аз аввали имсол 6-ҳолати куштори одамон ба қайд гирифта шуда ва нисбати ҷинояткорон ҳукми судӣ ирсол гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам будааст. Гуфта мешавад, аз ҳамин шумора 5-ҳолати одамкушӣ дар ноҳияи Данғара ба анҷом расидааст, ки дар онҳо дар 2-ҳолат занон даст доштаанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр