Шарти Шавкат Абдулхайров ба вакилони Зайд Саидов
Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи Олӣ, ки ахиран соҳибкор Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард, ба вакилони дифои маҳкумшуда шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёти ҳукм матни пурраи онро ба вакилон дастрас хоҳад кард.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов аз он шикоят дорад, раисикунандаи парвандаи зерҳимояаш Шавкат Абдулхайров дар муҳлати муайяннамудаи қонунгузорӣ матни ҳукми зерҳимояашонро ба онҳо надодааст.
Қудратов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки имрӯз, 30-юми декабр, тибқи қарори қаблӣ додрас бояд ҳукми додгоҳиро ба вакилони дифои Зайд Саидов дастрас мекард: “Аммо вақте назди Шавкат Абдулхайров рафтем, ӯ ба мо як санадеро пешниҳод кард ва гуфт, ки бояд қабл аз гирифтани ҳукм зери он имзо гузорем. Мо бо он санад шинос шудем, ки он ҷо омадааст, баъди гирифтани ҳукм мо ҳаққи ифшо кардани ҷузъиёти онро надорем. Дар сурати паҳн кардани ҳукми додгоҳӣ мутобиқи моддаи 177-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи мо парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд.”
Ин вакили дифои Зайд Саидов дархости додрас Шавкат Абдулхайров ғайриқонунӣ арзёбӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ тибқи қонунгузорӣ танҳо парванда ва маводи марбут ба он метавонанд махфӣ нигоҳ дошта шавад. Оқои Қудратов мегӯяд, ки баъди баровардани ҳукм қонун ифшои ҷузъиёти онро манъ накардааст: “Ҳоло мо аз болои ин амали Шавкат Абдулхайров ба Додситонии кул шикоят хоҳем бурд. Зеро мо ба ҳеч ваҷҳ зери ин санад имзо нахоҳем кард”.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз, 30-юми декабр, дар назар буд, вакилони дифои Зайд Саидов баъди дастрас намудани ҳукми додгоҳ аз болои он шикояти кассатсионӣ мебаранд. Шуҳрат Қудратов таъкид мекунад, ки ин амали додрас Шавкат Абдулхайров бори дигар исбот намуд, ки мурофиаи Зайд Саидов яктарафа сурат гирифта, ҳукм супоришӣ ва сиёсӣ аст.
Додгоҳи Олӣ Зайд Саидовро 25-уми декабр ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Зайд Саидов баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” моҳи майи соли равон боздошт шуда буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |