Radiosawa: Зарифӣ аз қазияи мошинҳо огоҳ буд ва... ба Берлин нарафт
Пулиси Олмон хабари ошкор шудани 200 мошини дуздидашудаи истеҳсоли ин кишвар дар Тоҷикистонро таъйид кардааст. Бино ба иттилои расонаҳои олмонӣ, гӯиё аксари ин мошинҳо дар дасти афроди наздик ба оилаи раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор доранд.
Тибқи иттилои нашрияи олмонии “Handelsblatt”, мақомоти пулиси Олмон гуфтааст, навиштаҳои нашрияи “Bild” дар мавриди соҳибӣ шудани мошинҳои дуздидашудаи навъи "БМВ" аз сӯи хонавода ва афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳақиқат дорад.
Аз сӯи дигар, радиои арабзабони “Sawa” такя ба матни “Bild” гузориш додааст, ки мақомоти Олмон қазияи ошкор шудани мошинҳои дуздидашудаи ин кишвар дар Тоҷикистонро ҳанӯз моҳҳои майи соли ҷорӣ бардошта буданд. Ба иттилои “Radiosawa”, ба Вазорати адлияи Олмон рӯзи 23 майи соли ҷорӣ расман тариқи нома муроҷиат шуда, дар он оварда шудааст, ки аксари ин мошинҳо дар дасти ашхоси наздик аз нигоҳи масоили иқтисодию оилавӣ ба Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Ин шабакаи радиошунавоӣ гуфтааст, “қарор буд, вазири умури хориҷии Тоҷикистон (Ҳамроҳхон Зарифӣ) моҳи октябри соли ҷорӣ дар доираи як сафари расмӣ вориди Олмон шавад. Вале чун фаҳмид, ки мақомоти кишвари мизбон ҳатман масъалаи мошинҳоро ба миён мегузорад, ин сафарро лағв кард.”
Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик ин иттилоъро муғризона номида, мегӯянд, даъвои мақомоти Олмон асосе надорад. Қаблан Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфта буд, “кас намедонад, чӣ тавр аз Олмон 200 сабукрав дуздида шуда ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Дар ҳоле ки аз Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо на мошин, ҳатто сӯзанро дуздидан ғайриимкон аст.”
Рӯзномаи олмонии “Bild” рӯзи 19 декабр бо интишори матлабе гуфт, ҳудуди 200 мошини дуздидашуда дар Олмон дар ихтиёри дӯстон ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Ба иттилои ин нашрия, аз ин миён 93 адад сабукрав тамғаи BMW будаанд. То ин замон сафири Тоҷикистон дар Олмон, Вазорати умури хориҷӣ ва хадамоти гумруки кишвар воқеият будани ин хабарро рад карданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |