М.Мирраҳим: Қасри Арбоб ва сарнавишти талхи меъмори он
Мирбобои МИРРАҲИМ
Аввалаш инҷост
Имрӯз дар мавриди тарроҳӣ ва сохтмони Кохи Арбоб устураҳои зиёде офарида шудаанд, ки ҳар яке ҷойи худро дорад ва дар маҷмӯъ аз як сарчашма маншаъ мегирад: арбоби қалам ва сиёсат ба ҳар ҳол ҳаққи ҳалоли хеш медонанд кономаи як меъморро ба дигарон бештар нисбат диҳанд, то бузургии худи онҳо дар таърих ва чашми одамон рӯшантар ҷилвагар шавад. Ҳар гоҳ дар муносибате оид ба Кохи Арбоб мақолае чоп шудааст ҳатман дар он ё аз бузургии раиси ҳамонвақтаи колхоз бештар сухан рафтааст ё Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ ва ҷанобони дигар. Дигар иттилооти тозае дар навиштаҳои рӯзноманигорону таъриххарошон дида намешавад. Ин раванд аз даврони рӯзноманигории охири солҳои 1950-ум то ба имрӯз идома дошта, ҳосилаш ба ҷуз таҳриф дигар чизе нест. Ҳатто кор ба дараҷае расид, ки понздаҳ сол пеш аз ин рӯзгор як даста аз кормандони телевизиони вилояти Суғд барои пайдо кардани таърихи сохтмони Кохи Арбоб рӯй ба Тошканд оварда буданд, то дар дар ин маврид аз бойгониҳои он ҷо чизи тозае пайдо кунанд, аммо…
Дар остонаи ҷашни чиҳилсолагии Инқилоби Октябр, яъне 6-уми ноябри соли 1957, Кохи фарҳанги колхози «Москва» бозгушоӣ шуд. Ҳарчанд корҳои дигар, аз ҷумла сохтусоз ва танзими фаввораҳо, ҳоло ба охир нарасида буд, вале ба ҳар ҳол бозгушоии ин Кохи бузург барои хосу ом як падидаи тамоман нав ва саҳифаи тозае дар меъмории Осиёи Миёна ба шумор мерафт.
Рӯзномаҳои «Коммунист Таджикистана» ва «Тоҷикистони советӣ» ба муносибати бозгушоии Кохи фарҳангии колхози «Москва» мақолаҳои муфассалтар чоп карда, аксҳо гуногунеро низ дар ихтиёри хонадагон қарор доданд.
Аммо дар Душанбе баробари бозгушоии Кохи фарҳангии колхози «Маскав» масъалаи ҳаққи мусаллами меъмори он ранги дигар гирифт. Дар доираҳои ҳукуматӣ аз он ки номи меъмори ин Кохи бузург-Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев бояд ба дасти фаромӯшӣ супурда шавад ва ба ҷои номи ӯ бояд «хидмати арзандаи Нахуствазир» бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад ва дар ояндаи на чандон дур масъалаи ба Ҷоизаи Давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ пешниҳод кардани сохтмони Кохи Арбоб ва нақши асосии Нахуствазир дар ин самт сухан рафт. Гӯиё мемори ин Кохи боҳашамат ва бошукӯҳ аслан вуҷуд надошт ва агар ҳам буд бояд бо хоҳиши худаш канор мерафт ва ҷойро барои шӯҳратхоҳон холӣ мекард.
Ҳанӯз тантанаҳои борзгушоии Кохи фарҳангии колхози «Маскав» (яъне Кохи Арбоб) аз ёдҳо нарафта ва ранги мақолаҳои дар ин маврид чопкардаи рӯзномаҳо ба куллӣ хушк нашуда буд ва Нахуствазир бидуни муқаддимае дар як мулоқоти пеш аз Соли Нави 1957 бо донишгоҳиён ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии бо номи В. И. Ленин (ҳол Донишгоҳи миллӣ) чунин ибрози назар кард:
-Агар Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев хоҳад, ки аз Тоҷикистон ба дигар ҷой биравад, мо ӯро бо дафу дойра, карнаю сурнай ва чангу чағона (оркестр) гусел мекунем…
Ин пешниҳод ё дурусттараш ҳушдори бисёр ноҷой дар он рӯзҳо шояд бисёр аҷоиб менамуд. Зеро то ба ҳол Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев дар ҳеҷ ҷой аз боби кӯч бастан ба хориҷ аз Тоҷикистон ҳатто сухане ҳам нагуфта буд ва нияти онро ҳам надошт. Аз тарафи дигар дар ҷаласаи мулоқот бо донишгоҳиён ва донишҷӯён ба миён овардани сухан дар мавриди бадрақаи (гусел) Ҳ. А. Юлдошев дар зери садои дафу дойра, карнаю сурнай ва чангу чағона (оркестр) зарурате надошт. Ниҳоят, суол ин ҷост, ки чаро Нахуствазир маҳз минбари мулоқот бо донишгоҳиён ва донишҷӯёни Донишоҳи давлатиро барои эълони ин ҳадафи хеш қарор дод?
Дар мамалакат пас аз Анҷумани ХХ Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ рӯҳияи маҳкумсозии шахспарастӣ дар авҷ буд ва ҳар раҳбари нави дар музофот ба сари қудрат омада, ҳол вазифаи худ медонист, ки ба ҳар роҳе «обро лойолуд карда, аз он моҳӣ бигирад» ва садоқати худро ба раҳбарияти нави Иттиҳод нишон бидиҳад. Ин ҷо матраҳ шудани номи Ҳ. А. Юлдошев бесабаб набуд.
Нахуст, як сол пеш аз ин воқеа Бобоҷон Ғафуров аз вазифаи Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон истеъфо дода, ба кори дигар-Раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ гузашта буд ва дигар аз Ҳ. А. Юлдошев пуштибоние ба амал оварда наметавонист. Дуввум, ҳам Муншии якуми км ҲКТ Т. Ӯлҷабоев ва ҳам Нахуствазир барои рӯгармӣ ва матраҳсозии хеш дар назди хоҷагони маскавиашон лозим ба «фошсозии омилони шахспарастӣ» дар Тоҷикистон доштанд ва номи Ҳ. А. Юлдошев барои ин кор беҳтарин гузида буд, зеро бо як тир ду ҳадаф мезаданд: ҳам садоқати худашонро ба Маскав нишон медоданд ва ҳам меъмори Кохи Арбобро аз сари роҳ бармедоштанд. Ниҳоят, бо амри тасодуф маҳз дар нимаи дуввуми соли 1956 дар шаҳри Ленинград бозрасҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ устохонаи ғайриқонуниеро кашф карданд, ки дар он ҷо барои сохтани фаввораҳо маводи асосӣ-асбобу ускунаҳо омод мешуд. Бозрасҳо ба дари устохона мӯҳр ва қуфл заданд ва соҳиби устохона дар пайгарди қонунӣ қарор гирифт.
Соҳиби ин устохонаи меъморӣ муҳандиси бисёр боистеъдоди фаввораҳои Кохи Арбоб буд, ки Ҳ. А. Юлдошев барои анҷоми корҳои асосӣ-сохтани ҳамаи қитъаоти (ҷузъ, ҷузъиёт, ҷузъҳо, детали) фаввораҳо муваззаф карда буд. Азбаски омода ва сохтани ҷузъҳои фаввора ва ба таври куллӣ маҷмӯъаи фаввораҳои Кохи Арбоб кори заҳматталаб ва ниёз ба воситаҳои техникии пешрафтаи он замон ва коргарони ин соҳа дошт ва он солҳо дар Ленинобод (Хуҷанд) ин имкониятҳо вуҷуд надошт, қарор бар ин шуд, ки ҳамаи қитъаоти фаввораҳо дар шаҳри Ленинград ва бо назорати бевоситаи муҳандис сохта шавад ва аз он ҷо мустақиман ба Кохи Арбоб биёоваранд ва насб кунанд. Дар чунин ҳолат ҳам вақт камтар сарф мешуд ва ҳам ҳазинаҳои сохти ҷузъҳои фаввораҳо арзонтар меафтод. Бо дарназардошти ҳамин мақосид муҳандиси фаввораҳо устохонаи худро таъсис дода, чанд нафар коргари ботаҷрибаро ба кор истихдом кард ва онро мувофиқи қавонини ҳамон замон ҳамчун як бахши кории (звено) колхози «Маскав» ба қалам доданд. Ҳ. А. Юлдлшев сохти ҷузъҳои фаввораро ба ин устохона суфориш дод. Дар ҳеҷ як аз санади ҳамкорӣ бо устохонаи сохти ҷузъҳои фаввора имзои Ҳ. А. Юлдошев нест, балки ҳамаи корҳои суфоришӣ ва пардохти ҳаққулзаҳмати ҳам муҳандис ва ҳам коргарон бо мӯҳру имзои Раиси колхоз ва сармуҳосиб анҷом шуда буд.
Ба ҳар ҳол пас аз бозгушоии парванда дар мавриди устохонаи ғайриқонунии қитъаоти фаввораҳо муҳандис тавонист ҳамаи далелҳои парвандаро несту нобуд кунад ва ин кор ба шакли хеле содда анҷом шуд: устохона ба ҷуз дари асосӣ боз як дари хилват (пинҳонӣ) низ дошт, ки ҳангоми мӯҳр задании дари асосӣ бозрасҳо аз он хабар надоштанд. Муҳандиси фаввораҳо ҳамаи қитъаоти омода ва сохташударо аз ҳамин дари пинҳонӣ берун оварда, дар вагони қатори боркаш бор карда, мӯҳр зад ва ба нишонии колхози «Маскав»-и ноҳияи Ленинобод фиристод ва ду барқия-яке ба номи Ҳ. А. Юлдошев ва дигаре ба номи Раиси колхози «Маскав» Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев фиристода, асли қазияро ба онҳо хабар дод ва хоҳиш кард, ки бори фиристодаро сари вақт бигиранд ва дар масъалаи аз ҷавобгарии қонунӣ раҳонидани ӯ кӯшиш кунанд. Худи муҳандис то замони рӯшан шудани қазияи аз ҷавобгарии қонунӣ озод шуданаш дар пинҳонӣ ба сар хоҳад бурд…
Раҳбарияти колхози «Маскав» бо сарварии С. Ӯрунхоҷаев барои раҳоии муҳандиси фаввораҳо ба Кумитаи вилояти ленинободии Ҳизби коммунист бо пешниҳоди бисёр аҷиб муроҷиат кард: азбаски муҳандис барои кори сохти фаввораҳо машғул буд ва ин кор ҳамчун звенои колхоз бо шартномаи тарафайн анҷом шудааст ва ҳеҷ хилофкории иқтисодие рух надодааст, аз Кумитаи вилояти ленинградии Ҳизби коммунист хоҳиш карда мешавад, ки масъалаи муҳокима ва муҷозоти муҳандисро дар ихтиёри фаъолони колхоз бигузорад. Кумитаи вилояти ленинградии Ҳизби коммунист пас дарёфти ин дархост ба он ризоият дод ва муҳандиси фаввораҳо дар Ленинобод «муҳокима» шуд ва муддате баъд бо муносибати ҷашни 40-солагии Инқилоби Октябр афв гардид. Аммо ҳамин маврид дертар ба номи Ҳ. А. Юлдошев нисбат дода шуд ва бо ҳар баҳонае чунин корро хилофи қонун донистанд ва аз ӯ чанд бор бозҷӯиҳо анҷом доданд. Ҳарчанд дар ҳеҷ як аз санади ҳамкорӣ бо муҳандиси фаввораҳо ном ва имзои Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев нест. Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев ба ҳайси меъмор танҳо тарҳи асосии фаввораҳоро пешниҳод карда, ба кори сохти онҳо назорат дошт. Масъалаҳои пардохти ҳаққулзаҳмати муҳандиси фаввораҳо ва коргарони ба он ҷалбшуда дар инҳисори Раис ва сармуҳосиби колхоз буд ва дар ин сохтусоз ҳеҷ хилофкорӣ ё фасоди молӣ ҷой надошт. Сониян, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба муҳандиси фаввораҳо боз шуда буд, на нисбат ба меъмори Кохи фарҳангии колхози «Москва» (пасон колхози ба номи С. Ӯрунхоҷаев ва имрӯз Арбоб) Ҳ. А. Юлдошев.
Барои дар назари хоҷагони маскавӣ ва авом «бадном» кардани Ҳ. А. Юлдошев боз як баҳонаи хуб пайдо карданд: гӯиё Ҳ. А. Юлдошев нафақаи (алимент) фарзандон аз издивоҷи нахустинро сари вақт напардохтааст. Ҳамин баҳона сабаб шуд то нисбат ба Ҳ. А. Юлдошев парванда боз шавад ва номбурда мавриди пайгарди қонунӣ қарор бигирад. Аммо ҳангоми бозрасӣ мушаххас шуд, ки Ҳ. А. Юлдошев нафақаи фарзандонро сари вақт ва ҳатто барзиёд пардохтааст. Лекин бояд дар назар дошт, ки он солҳо радия нисбат ба дурӯғҳо, ки дар матбуоти коммунистӣ нашр мешуд, аслан рӯи чопро намедид. Бо дурӯғпароканӣ дар назари умум чеҳраи меъмори барҷаста бисёр харош (хадша) пайдо кард…
Соли 1957 дар интишороти «» китоб-албоми Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев-«Нақшу нигори меъморӣ дар Тоҷикистон. Нақшҳои рангини биноҳо» аз чоп баромад. Нашри ин китоб муддате Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошевро аз таъқибот боздошт.
Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда аз оғози соли 1957 зиндагии душвору пур аз машаққати Ҳ. А. Юлдошев сар шуд. Ибтидо ӯ дар манзили дӯстонаш дар шаҳрҳои Маскав ва Ленинград зиндагонии пинҳонӣ ихтиёр кард. Ҳамсараш-Софья (Саъдинисо) Ҳафизовна Ҳакимова дар докторантураи Фарҳангистони улуми тиббии Иттиҳоди Шӯравӣ дар остонаи дифои рисолаи илмӣ буд ва 2.06.1957 дар зоишгоҳи №4 (кӯчаи Цвояново) Маскав духтарчаи дӯстрӯе дунё овард, ки номашро «Дилбар» гузоштанд. Тамомии тарсу ҳарос ва нигарониҳо аз рӯзи оянда, ки он сол Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев ва ҳамсараш дар фикру зикр доштанд, ба ин духтарча ҳамчун мерос-хулқу хӯи ирсӣ боқӣ монд ва сарнавишти падару модар андаке бо ранги дигар, вале ба ҳамон мазмун, дар симои ӯ таҷассум гардид…
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |