Даъвати Солиев барои дастгирии CASA-1000 дар Аврупо
Рустамҷон Солиев, сафири Тоҷикистон дар Брюссел, зимни конфронс, таҳти унвони “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: дурнамо ва чолишҳо пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният” калиди муътадилияти минтақаро рушди иқтисодӣ хондааст.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Вазорати хориҷӣ Солиев аз иштирокдорон даъват намудааст, ки дар сохтмони роҳҳои оҳану мошингард ва лоиҳаҳои минтақавӣ, ба монанди CASA-1000 фаъолона иштирок намоянд. Ба иттилои манбаъ сафири Тоҷикистон таъкид намудааст, ки чунин лоиҳаҳо ба таъмини некуаҳволии мардуми афғон ва барқарорсозии иқтисоди харобгардидаи ин кишвар нигаронида шудаанд. CASA-1000, барои интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ба масофаи 1300 километр тарҳрезӣ шуда, арзиши он ҳудуди 1 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.
Сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, зимни ин конфронс қайд намудаанд, ки ҳукуматҳои кишварҳои онҳо омодаанд расонидани кӯмакро ба Афғонистон дар ҷодаи таъмини сулҳу субот ва барқарорсозии соҳаи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар идома диҳанд.
Рустамҷон Солиев низ зимни баромадаш таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ташаббусҳоро дар самти барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон дастгирӣ менамояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |