Бахшҳо

Илҳом Ёқубов: “Кумаки мо холисона аст, на бо ҳадафи сиёсӣ” (АКС)

Рӯзи 17 декабр дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд ба бештар аз ҳазор ятим ва хонаводаи ниёзманди ин вилоят маводи ғизоӣ кумак кард. Илҳом Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, дар як мусоҳибаи кӯтоҳ бо “Озодагон” гуфт, кумаки онҳо холисона аст, на сиёсӣ.


Ёқубов: “Мо дар 16 шаҳру ноҳияи Суғд барои маъюбон ва бепарасторон кумак расондем. Дар маҷмӯъ, беш аз 1 ҳазор нафар аз ин кумаки мо баҳраманд шуданд. Аслан ин иқдоме, ки дар бахши суғдии ҲНИТ гирифта шуд, ба рӯзи байналмилалии дастгирии ятимон ва бепарасторон рабт дорад, ки рӯзи 19 декабр эълон шудааст. Бо ин амали хеш мехоҳем, дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ низ ба ин қишри ҷомеа, ки бештар таваҷҷӯҳ ва ёрӣ мехоҳанд, кумак расонанд. Инчунин, мехоҳем, бо ин қишри ҷомеа аз наздик шинос шавем. Барои ин қишр муҳим нест, ки ҲНИТ, ҲХДТ ё ҲКТ кумак мерасонад, барои онҳо аз ҳама асосӣ он аст, ки таваҷҷӯҳ карда шавад.”

Озодагон: Ин кумакҳо идома хоҳад ёфт? Дар кадом шакл?

Ёқубов: “Ин кумакҳо, албатта, идома меёбанд. Мо пас аз таҳлилу баррасӣ аз ҳама қишри осебпазири онҳоро муайян намуда, кумаки ҳармоҳа ташкил менамоем. Масалан, барои як оила кумаки тиббӣ лозим, ба дигараш кумаки ғизоӣ. Пас аз он бахши суғдии ҲНИТ ба ҳамаи онҳо кумаки лозимиро хоҳад расонд.”

Озодагон: Оё мақомот ба кори Шумо ягон монеа эҷод накарданд?

Ёқубов: “Дар ин бора аз ягон шаҳру навоҳӣ то ҳол ба мо шикояте ворид нашудааст. Ман худ ба хонаи панҷ оилаи камбизоат ва маъюб рафтам, ки ягон монеагузорӣ аз ҷониби мақомот набуд. То ҳол аз ҷониби мақомот вокунише ҳам нашудааст. Агар вокуниш ҳам шавад, фикр мекунам, вокуниши хуб ва хайр хоҳад буд. Мехостам, дар оянда ин чорабинии дастгирӣ бо мақомот ва ҳизбҳои сиёсӣ якҷоя анҷом дода шавад.”

Озодагон: Бо аҳли хонаводае, ки дар ба назадашон рафтед, сӯҳшбат доштед? Ҳоло таваҷҷӯҳ ба онҳо чӣ гуна будааст?

Ёқубов: “Аз панҷ оилае, ки шахсан он ҷо будам, гуфтанд, ки аз ҷониби ҳукумат, созмонҳои иҷтимоӣ ва вакилони маҳаллӣ кумак мегиранд. Аммо Марҳабо Қазоқова, ки дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекардаасту фарзанди маъюб дорад, гуфт, чанд бор ба ҳукумати Хуҷанд муроҷиат намуд, то ки барояш кумак расонанд, вале аз ҷониби онҳо посухи рад гирифтааст.”

Озодагон: Қаблан эълон дошта будед, ки ба 100 донишҷӯ ҳам ҷоиза медиҳед, чӣ шуд? Мақомот дар ин бора ба номаи Шумо ҷавоб фиристоданд?

Ёқубов: “Мутаассифона, то имрӯз аз ҷониби Раёсати донишгоҳҳо ба мактуби мо расман посух надодаанд. Мо ба раиси вилоят низ мактуб ирсол карда будем, аммо аз онҳо низ то ҳол ягон ҷавоб нагирифтаем. То охири моҳи декабр интизор мешавем ва умед дорем, барои мо шароит фароҳам меоранд. Агар дар ин муддат онҳо ба мо кумак нарасонанд, мо худ ин барномаро амалӣ хоҳем кард ва дар толори бахши суғдӣ ба донишҷӯёни фаъол кумаки яквакта хоҳем расонд.”


Илҳом Ёқубов: “Кумаки мо холисона аст, на бо ҳадафи сиёсӣ” (АКС)

Илҳом Ёқубов: “Кумаки мо холисона аст, на бо ҳадафи сиёсӣ” (АКС)

Илҳом Ёқубов: “Кумаки мо холисона аст, на бо ҳадафи сиёсӣ” (АКС)

Илҳом Ёқубов: “Кумаки мо холисона аст, на бо ҳадафи сиёсӣ” (АКС)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точик
Офарин ба ХНИТ!!! Офарин ба Нахзатихои Сугд! Ба хама фишорхо нигох накарда боз маблаг пайдо менамоянд ва барчомондагонро дастгири менамоянд. Харчанд имрузхо хизбхои сиёси танхо аз хисоби аъзохакки ва хайрия мабалг меёбанд.

Бародархо аз руи дини мубини Ислом бояд ин гуна амалхо реклама нашаванд, вагарна ин ривоъ аст!
Якумаш хама савоб аз ин таргиб барбод рафт дуюмаш маълум шуд ки хнит хам ба катори дигар хизбхо показушник аст. Ин хел бошад номи азизи исломро аз ин ташкилоти сиесиатон гиред, динро ба сиесат оиехта накунед!

Карим
Интересно! ин маблага инхо аз кучо дастрас мекунанд??? Хочахои беруна???

Усмон
Бародар КАРИМ имруз зиндагии мардуми чт аз хисоби маблагхои хорича мебошад,масалан маблагхои мухочирин,бюджети чт хам асосан грантхои хорича мебошад,

Мебояд барои зинда кардани калби сиёхи баъзехо ва ташкилотхо, ХНИТ амали худро ошкор намояд, то дигар хизбхо ва ташкилотхо бедор бишаванд ва хайрхоху саховатпеша бошанд. Ба назари баъзе хонандахо ин маблаго Гуё ХНИТ аз хочахояшон гирифтаанд. Хуб кардаанд, ки гирифтаан, ба хайраст, ки ХНИТ маблагашро аз хочахояш гирфта ба мушкилоти мардум сарф кард. Аммо мисли баъзехо аз халк гирифта ба Хочахояш сарф накардааст.

б
чавоб ба Карим Бродар гуфти хавай русо ки какая тебе разница от куда они нашли эти деньги.Пагох рафта ба амнияят жалоб кун ки ХНИТ аз кучо пул ёфту хайр кад.Хами халки мо мурду аз бахилияш намонд да .шукр бояд кард ки чунин саховатпешахо хастанд дар чомеаи агар инхел бахилако намешуданд нуран ало нур мешуд ба мисли Карим ..................

Изатуллох
[b]Дусти ислом[Аввал мебахшед бардар инро нахзатихо реклама накарданд инро ин сомонаи озодагон ба мардум расонид Дуюм ин ки ин калимаи ислом худ сиёсат аст имруз мо танхо исломро дар кунчи масчид мебинему халос оё гузаштагони мо ки чону моли худро дар ин рох фидо кардан онон мансаб доштант ва исломро аз сиёсат дур накарданд ту дусти аллох нести зеро дусти аллох мебуди бехбудии дини уро мехости асли бехбуди бадаст овардани кудрат аст бад монди Умар ибн Хатоб ки хам риояи хукми ислом натавонисти метавони мукобили ислом хукум накуни. Оё ин бехтар нес? агар аз руи инсоф дошта боши

ОфффШОРРР
Агар аз хочахояш гирифту барои миллати худ масраф кард, офарину ахсан бар он! На хар кас метавонад дороияшро нисори эхтиёчмандон кунад.
Карим, чаро маблагхое, ки аз дохили кишвар, аз буччаи давлат ба офшорхои хорич мераванд, пайгири намекунед? Медонам. Талхаатро мекафонанд!!! Гайрат куну дар ин бора эътироз намо-ку?

мухаммад
Дусти ислом,
аввал навистана ед гиру баъд гап зан душмани ислом

Ин ташаббус мояи ифтихор ва дастгирист. Ҳарчанд махфӣ будани садақа суннат ast, аммо ба хотири ташвиқи мардум ба ин кори хайр, ки инсонҳо ба он муҳтоҷанд, аз нигоҳи шаръӣ боке надорад. Касе мухолиф ба ин фикр аст ба шарҳи аҳодиси боби садақа муроҷиат намояд.

ХНИТ БЕХРАРИН ХИЗБ МЕБОШАД ВА ИН ХИЗБ ПУШТИБОНИ АЗ ИСЛОМ МЕКУНАД ДАР ТОЧИКИСТОН ХУДОВАНД ИНШОЛЛОХ ИН ХИЗБРО ДАР ПАНОХАШ НИГОХ МЕДОРАД ВА ХАРЧИЗЕКИ НИХО КАРДАН ДОДАИ УСТ

Нусрат
Мешудаст-ку! Бародарони нахзатй офарин, ин корро давом дихед. Хамин Рахматиллои Зоир хам як саховат кунад, занако пресс-конфронсаша вайрон намекунанд...

Бале, ана ин кори дигар. Чо мени интихобота? Кумак кунед, тарафдор ёбед ва ба интихоботи соли 2027-а тайёр шавед. Агар ХСДТ ёрдам накунад, дар хамон тангкучахои худаш фаромуш шуда мебуравад. Ба пеш ахзоб!!!

Азимчон
Ман бо гуфтаи Ёкубов, ки дар бобати Мархбо Казокова оиди мурочиаташ ба макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Хучанд, ки ба кавли у рад шудааст рози нестам. Модоме, ки дар хар як мархила 1000 оила аз тарафи макомот дастгири мегарданд наход ба Мархабо Казокова дасти мадад дароз накунанд. Пеш аз он, ки мо чизеро баён созем бояд сари ин масъала зиёд андеша кунем. Ман хеле зиёд нафаронеро медонам, ки онхо аз хукумати шахр кумак гирифтаанд. Он чи ки аён аст хочат ба баён нест.

ХНИТ
Хамин сиесата давом тит. Чо сиесати зур-де!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)