“Ҳуҷум”-и Дӯстов ва ҳимояи Фролов аз муносибати Русия бо муҳоҷирон
Рӯзи 17 декабр зимни як нишаст дар мавзӯи ҳамоиши Русия бо кишварҳои Осиёи Миёна ва бурду бохти он, бархе аз коршиносони тоҷик сиёсати Маскавро дар умури муҳоҷират интиқод карданд.
Саймуддин Дӯстов, роҳбари созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ”, аз ташкили лагерҳо ва муносибати бад бо муҳоҷиронро дар Русия зикр карда, таъкид намуд, ки ин кишвар ягон стратегияи миллӣ дар умури муҳоҷирати корӣ надорад. Дӯстов барои Русия бархе аз кишварҳои Аврупоро намунаи ибрат хонд.
Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Душанбе, дар пасманзари интиқодҳо аз сиёсати кишвараш пуштибонӣ карда, изҳор дошт, ки на ҳамаи иттиҳомоти ҳозирини конфронс алайҳи Русия асос доранд. Ӯ таъкид намуд, агар ҳама аз интиқоди Русия кор гиранд, ин ба манфиати ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкории Тоҷикистону Русия нест. “Ин ки баъзе аз коршиносону афроди алоҳидаи ба фикрам на он қадар босалоҳият аз Русия интиқод мекунанду мехоҳанд бо кишварҳои дигар бо ҳам оянд, ин назари онҳост. Аммо роҳбарияти Тоҷикистон назари тамоман дигар ва хоҳони густаришу ҳамоиш бо Русия аст. Он гуфтушуниде, ки бо роҳбарияти Тоҷикистон дорам, оҳангу фазои тамоман дигар дорад. Ин назарҳои интиқодии баъзеҳо маро дар ҳайрат гузоштаанд”,-афзуд сафир.
Оқои Фролов дар идома аз муносибати Маскав бо муҳоҷирон дар Русия низ ҳимоят карда, гуфт, ҳоло ҳудуди 12 миллион муҳоҷир дар кишвараш иқомат доранд, ки аксарашон ғайриқонунӣ буда, бисёре аз онҳо коре намекунанд: “Аксари ин муҳоҷирони ғайриқонунию бекор ба дӯши Русия бори гаронанд. Дар мавриди узвияти Тоҷикистон ба иттиҳодияҳои Русияю Қазоқистону Белорус имрӯз бояд таҳлили асоснок гузаронда шавад ва дар асоси далелҳо оид ба ҷанбаҳои мусбату манфии ин ҳамоишҳо сухан бояд кард.”
Дар ин ҳамоиш Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, низ баромад карда, изҳор дошт, ки қисми асосии буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба даст меояд ва бинобар ин саросемагӣ дар мавриди пайвастани Душанбе ба Иттиҳоди гумрукӣ метавонад, пайомадҳои манфӣ дошта бошад: “Мо имкон дорем, воридшавии Қирғизистонро ба Иттиҳоди гумрукӣ назорат кунему таҷриба гирем. Мо барои таҳияи ҳуҷҷатҳо, таъмини инфрасохтори зарурӣ чанд сол дорем. Бояд роҳҳои оҳан созем. Баъд аз ин имкон дорад, дар бораи натиҷаҳои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ гап занем.”
Дар робита ба ин, Игор Лякин Фролов таъкид кард, кишварҳои шарики Русия метавонанд ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шаванд ва Қирғизистонро мисол овард, ки ният дорад, расмиёти узвияташро дар Иттиҳоди гумрукӣ то миёнаҳои соли оянда ба итмом расонад. Дар пайи узвияти Қирғизистон Тоҷикистон низ метавонад, узви Иттиҳоди гумрукӣ гардад, чун яке аз шартҳои воридшавӣ ба ин Иттиҳод доштани марзи муштарак бо яке аз кишварҳои узв мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ният дорад, дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ, Иттиҳоди АвруОсиёро ташкил кунад, ки дар он ҳаракати мардум, сармоя ва мол миёни кишварҳои узв озод хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |