Бахшҳо

Назарпурсӣ: Коршиносону мардум гуфтаанд, қудрати Амрико коҳиш ёфтааст

Таҳқиқи Шӯрои равобити хориҷии Амрико ва ҳамчунин назарсанҷии муассисаи ПИЁ муайян намудааст, ки Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА ба ҳадди кофӣ дар сиёсати хориҷиаш қатъӣ нест.

Хабаргузории “Форс” бо такя ба натиҷаи ин таҳқиқ иттилоъ медиҳад, 52 дарсад аз коршиносон гуфтаанд, ки Обама ба ҳадди кофӣ дар сиёсати хориҷиаш қатъӣ набудааст. 51 фоиз аз афкори умумӣ низ ҳамин назарро доранд.

Дар баробари ин аксарияти коршиносон бар хилофи афкори умум аз коҳиши будҷаи дифоӣ ҳимоят мекунанд. Аввалин бор баъд аз поёни ҷанги Ветнам, афкори умумии Амрико ва ҳам коршиносони сиёсати хориҷӣ, дар бораи ин натиҷа, ки Вашингтон нақши камтаре дар ҷаҳон иҷро мекунад, ҳамфикр ҳастанд. Ба андешаи ҳар ду гурӯҳ, нақш ва ҳузури Амрико дар арсаи ҷаҳонӣ нисбат ба даҳ сол пеш, камрангтар ва камнуфузтар шудааст.

Ин таҳқиқот нишон медиҳад, ки 53 фоиз посухдиҳандагон дар бораи ҷойгоҳи Амрико дар ҷаҳон гуфтаанд, ки Амрико нисбат ба соли 2004 камаҳамияттар ва камқудраттар шудааст. Ҳамзамон 62 фоиз аз аъзои шурои равобити хориҷии Амрико қабул доранд, ки қудрати Вашингтон нисбат ба соли 2004 камтар шудааст.

Бояд гуфт, ки аъзои ин Шуро коршиносони сиёсати хориҷии Амрико ҳастанд, ки ин афрод дастгоҳи сиёсати хориҷии Амрикоро ташкил медиҳанд.

Ин таҳқиқ, ки ба тозагӣ анҷом шуд муайян мекунад, ки 52 фоиз аз мардум ба ин нзаранд, ки Амрико бояд дар арсаи ҷаҳонӣ ба фикри манфиатҳои худаш бошад ва бигузорад, ки кишварҳои дигар мушкилоташонро худашон ҳал кунанд.

Зимнан бояд гуфт, ки дар охирин пурсиши афкор, дар ҷараёни ҷанги Ветнам сурат гирифта буд, фақат 42 фоиз ба ин андеша буданд.
80 фоиз аз иштирокчиёни назарсанҷӣ бовар доранд, ки Вашингтон бояд бештар бар мушкилоти дохилӣ таваҷҷуҳ кунад, на мушкилоти ҷаҳонӣ. Ин рақам дар соли 2004 , 11 фоиз камтар буд.

Дар мавриди нақши Вашингтон дар ҷаҳон бошад 12 фоиз аз афкори умумӣ ва коршиносони сиёсати хориҷӣ чунин ақида доранд, ки Амрико бояд ягона раҳбари ҷаҳон бошад. Аммо 72 фоизи афкори умумӣ ва 86 фоиз аъзои Шурои равобити хориҷӣ бар ин масъала таъкид доранд, ки ин нақши раҳбарӣ бояд ба сурати муштарак бо дигарон бошад. Аз миёни касоне, ки ба раҳбарии муштараки Амрико дар ҷаҳон эътиқод доранд, 55 фоиз аз коршиносон гуфтаанд, ки Амрико бояд қудрате қотеъ бошад. Аммо фақат 20 фоиз афкори умумӣ чунин андеша доранд. 51фоиз аз афкори умумӣ гуфтаанд, ки Вашингтон бояд нисбат ба қудратҳои дигари ҷаҳон каму беш қотеъона амал кунад. Ҳамин теъдод гуфтаанд, ки Амрико дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон беш аз ҳад дахолат мекунад.

Аммо дар бораи мавзуъоти дигар, миёни ин ду гуруҳ ихтилофи назари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Масалан, 81 фоиз аз афкори умумӣ ҳимоят аз шуғли коргарони амрикоиро ба унвони масъалаи аввали давлат матраҳ кардаанд. Ҳамчунин 57 фоиз аз афкори умумӣ муқобила бо қоҷоқи мавводи мухаддирро масъалаи муҳим барои давлат хондаанд, аммо ин танҳо масъалаи 17 фоиз аз коршиносон будааст.

Муқобила бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавзӯи муҳими 48 фоиз аз афкори умумии Амрико ва фақат 11 фоиз коршиносон аст. Тақвияти Созмони милал барои 37 фоиз аз афкори умумӣ ва 17 фоиз аз коршиносон муҳим аст. Барои коршиносон, мавзеи тағйироти обу ҳавоӣ сеюмин масъалаи муҳими аслӣ аст, аммо ин масъала барои танҳо 37 фоиз аз афкори умумии Амрико аҳамият дорад.

69 фоиз аз аъзои Шурои равобити хориҷии Амрико ва 56 фоиз аз афкори умумӣ бар ин боваранд, ки тасмими Вашингтон барои истифода аз зур дар Афғонистон дуруст будааст. Ёдрас мешавем, ки дар соли 2009 беш аз 87 фоиз аз коршиносон аз ин тасмим ҳимоят мекарданд. Аз суи дигар, танҳо 14 фоиз аз коршиносон гуфтаанд, ки ҳамлаи соли 2003 ба Ироқро тасмими дуруст медонанд. Дар ҳоле ки 49 фоиз аз афкори умумӣ ин тасмимро дуруст медонанд.
Агарчи шурои равобити хориҷии Амрико танқидкунандаи амалкарди давлати Обама дар мавзуъоти хоси сиёсати хориҷӣ аст, аммо ин ҳамапурсӣ нишон медиҳад, ки ин шуро ба таври куллӣ амалкарди давлати Обамаро бештар аз афкори умумӣ муайян мекунад.

Бо вуҷуди ин бардошти кулие, ки қудрат ва нуфузи Амрико ру ба коҳиш аст, беш аз се ду ҳиссаи афкори умумӣ бар ин боваранд , ки Вашингтон ҳамчунон қудрати бартари низомии ҷаҳон аст. Аммо аксарият бар ин боваранд, ки Чин ба қудрати иқтисодии бартари ҷаҳон табдил шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)