Эътирози хонанда ба Кабирӣ ва ҷонибдорӣ аз Рустаму падараш
Як хонанда бо ирсоли номае ба унвони хабаргузории “Озодагон” ба суханҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар мавриди мансаби нави Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури кишвар, эътироз намудааст.
Ин хонанда, ки худро Дилшод муаррифӣ кардааст, мегӯяд, гуруҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле ба мансаб гирифтани Рустами 26-сола вокуниш нишон медиҳанд, ки худ дар гузашта даъвои ворид шудани қишри ҷавон ба кобинаи ҳукуматро доштанд. Дар ин номаи хонандаи “Озодагон” аз ҷумла, омадааст, “Рустами Эмомалӣ, сарфи назар аз он ки фарзанди раисҷумҳури кунунист, аммо донандаи хуби чандин забонҳои хориҷӣ низ ҳаст, яъне нафари одӣ нест, кадри тайёр мебошад.”
Ин сокини кишвар бар ин аст, ки интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси Хадамоти Тоҷикистон аз зиракии падараш – раисиҷумҳури кишвар дарак медиҳад: “Зеро мо хостори дар оянда пайвастан ба Иттиҳоди гумрукии Авруосиёро дорем. Аз ин рӯ, нафаре бояд роҳбари Хадамоти гумрук бошад, ки наздик ва содиқ ба президенти кунунист. Яъне, бояд шахси боварбахши президент бошад, ки баъди пайвастан ба Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё ба амалҳои коррупсионӣ даст назанад.”
Чун ба гуфтаи ӯ, аллакай натиҷаи гаравиш ба сӯи Иттиҳоди гумрукӣ маълум мешавад ва Путин дарк кардааст, ки бидуни ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна наметавонад пеш равад ва аз гузаштҳо кор мегирад. Чанде қабл тавассути шабакаҳои Русия суханронии Путинро намоиш доданд, ки мегуфт мо ниёз ба муҳоҷирони кории Осиёи Миёна дорем ва бояд ба онҳо шароити осони корро муҳайё кард. Хусусан, яке аз гузаштҳои навбатии ӯ танҳо тавассути муҷаввиз (потент) дар ҳама намуди кор, чӣ инфиродӣ ва чӣ ширкатҳо кабул намудани муҳоҷирон буд. Ин аз он дарак медиҳад, ки аллакай марҳилаи нави ҳамкории президентҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шудааст ва албатта байни онҳо маслиҳатҳое сурат гирифтааст, ки мову шумо намедонем.”
Хонанда дар идома аз сокинони кишвар даъват кардааст, ба раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъйин шудани писари 26-солаи Эмомалӣ Раҳмон хушбин бошанд, ки ӯ базудӣ боиси ворид шудани маҳсулоти босифат ба кишвар хоҳад шуд. Муаллифи нома инчунин ба интихоботи президентии 6 ноябри Тоҷикистон дахл карда, гуфтааст, ҳикмати барои бори чаҳорум ба курсии риёсати ҷумҳур нишастани Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ҳанӯз тамоми мақсадҳои ӯ пурра амалӣ нагаштаанд: “Ӯро зарур буд, то як навбати дигар ба ҳайси раҳбари кишвар боқӣ монад”,-навиштааст хонандаи мо.
Муаллиф дар охир ибрози умедворӣ кардааст, ки дар ин навбати раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҳатман муносибати Душанбею Тошканд ба як сатҳи хуб хоҳад расид: ”Ҳоло бубинед, дар рӯзҳои наздик гуфтугӯи созандаи Тоҷикистону Узбакистон низ оғоз мешавад. Зеро Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯ Ислом Каримов дар натиҷаи сафарҳо ба кишварҳои пешрафта, аллакай дарк карданд, ки ҳеч як кишвар бидуни робита ва муносибати хуб бо ҳамсоякишварҳо наметавонад, пеш равад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |