Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҷамоати Зафар, деҳаи Сомончӣ, шаҳрванд Илҳом Асоеви 35-сола, бекор, дастгир карда шуд.
Ҳангоми кофтуков аз либоси ӯ 925 грам маводи нашъадори «ҳашиш» ёфт ва мусодира карда шуд.
Дафтари матбуотии ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки аснои амалиёти кормандони мақомоти интизомӣ муайян карда шуд, ки Илҳом Асоев аз ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ маводи нашъадори «ҳашиш»-ро аз Оятулло Абдураҳимови 28 сола, сокини ҷамоати Меҳнатобод, бекор, ба маблағи 1400 сомонӣ харидорӣ намудааст. Манбаъ афзуд, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор оғоз гардида, тафтишот идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр