Бахшҳо

Таъхири сухани ниҳоии Зайд ва интиқод аз луқмапартоиҳо (ВИДЕО)

Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав, ки ҳафт моҳ боз дар боздошт ба сар мебарад, рӯзи 10 декабр аз додрас хостааст, сухани охирини ӯ то 11 декабр ба таъхир гузошта шавад. Дар ин бора ба хабарнигорон Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, хабар дод.

Оқои Қудратов гуфт, Зайд Саидов дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштааст, бояд тамоми далелҳое, ки дар мурофиа пешниҳод шуданд, бори дигар омӯхта барояд. «Дар мурофиаи имрӯза Исҳоқ Табаров баромади ниҳоӣ кард ва аз додгоҳ хост, зерҳимояаамон пурра сафед шавад»,-афзуд Қудратов.

Инчунин, ин вакили мудофеъ аз баъзе луқмапартоиҳо дар мурофиаи рӯзи 10 декабр интиқод кард. Дар назар аст, 11 декабр Далер Бобоев низ сухани охиринашро баён кунад. Бобоев қаблан зимни тафтишот ва дар мурофиаи додгоҳ шоҳидӣ дод, ки гӯиё Зайд Саидов аз Сериқбол Окушев, соҳибкори қазоқ барои коркарди маодин дар кони Ҷоре пора гирифтааст. Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба худи Бобоев низ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.



Ин дар ҳолест, ки Фахриддин Зокиров ва Шӯҳрат Қудратов, ду вакили мудофеи Зайд Саидов, рӯзи душанбеи 9-уми декабр дар додгоҳ баромади ниҳоӣ карда, бар хилофи намояндаи додситонӣ хостори қатъи парванда ва озод гардидани нафари таҳти ҳимояташон шудаанд. Абдусамеъ Додобоев, намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ, рӯзи 5 декабр аз додгоҳ хоста буд, Зайд Саидовро барои 28 сол равонаи зиндон кунад.

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт шуд. Мақомот ӯро дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешуморанд. Мурофиаи ӯ моҳи сентябр паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ шурӯъ шуда, интизор меравад, баъд аз сухани ниҳоии ӯ ва ҳукми додрас ба анҷом бирасад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Олим
Озоди ба З Саидов!

Рустам
ин сериали Санта Барбара шуд ку!

Э Р
Зайд худаш тарафдор дорад ё ин ки пулаш? савол ба тарафдорони Зайд аз ҷумла ба Зоиров.

Фаришта
Э Р,
Зайд Саидов албатта тарафдор дорад чунки вай марди саховатманд ва бузург аст!

ozodi dar borai Nizomkhon juraev malumote
dored navised.

Яъкуб.
Тарафдорони Зайд Саидов бисер хаст.Аммо хама тарсу шудаем.Агар дар Точикистон ном не, балки худи демократия мебуд, авал, ки барои боздошти у чуръат намекарданд, агар, ки боздошт хам , ки мешуд бисери ин мардум барои озодии у ба майдону хиебонхо мерехтанд.Чунки монанди Зайд мансабдор е точири саховатманд дар мо нест.

Tojik
Ozodi ba Saidov! Iltimos imzo kun haminro!

https://secure.avaaz.org/en/petition/Government_of_Republic_of_Tajikistan_To_rel

ease_Zaid_Saidov_an_entepreneur/?twi

Бисер тарифаш кардед ин зайдро агар сахи бошад дар он дуне дари бихишт барояш кушодааст вале дар ин дуне якин донед ки дигар дар интизораш аст

Э Р
Фариштаҷон Роҳбари имрӯза саховатманд нет ба ақидаи шумо?

kai az hamin muxolifinho xalos meshavem?oooo az inho ba movu xalk chi foidaast?yagon kore gape baroi xalk navised ozodagoni aziz.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)