Видеои сӯҳбати мақомоти Саудиву Исроил алайҳи Эрон
Арабистони Саудӣ ва Исроил, ду кишвари аз нигоҳи дину ойин ба ҳам мутафовитро манфиат ва ҳарос аз қудрати Эрон водор кардааст, сари як мизи машваратӣ ба ҳам оянд. Дар саҳифаи "Youtube" навори видеоие ба намоиш гузошта шудааст, ки аз гуфтушуниди маҳрамонаи шоҳзода Туркӣ ал-Файсал , собиқ раиси Оҷонси истихбороти миллии Арабистони Саудӣ ва Йосси Алфер , мушовири махсуси нахуствазири Исроил, алайҳи Эрон қисса мекунад. Туркӣ дар ин навор ба ҳамсуҳбатҳои исроилии худ таъкид менамояд, дар сурати пеш омадани ягон хатар аз Эрон, онҳо аз зумраи аввалинҳое хоҳанд буд, ки таҳти зарба қарор мегиранд. Ин мақоми аршади Саудӣ инчунин ҷалби кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Ироқро ба ингуна мизи гуфтушунид хостор мешавад.VIDEO
Ин навори видеоӣ дар ҳоле рӯи саҳифаи Youtube роҳ ёфтааст, ки чанде қабл нашрияи The Sunday Times дар мавриди дидор ва гуфтугӯҳои пасипардагии намояндаҳои аршади Арабистони Саудӣ ва Исроил дар бораи мавқеи худ алайҳи Эрон матлаберо ба нашр расонида буд. Ин нашрия дар ин матлаб таъкид намуда буд, ки шоҳзода Бандар ибн Султон бо бархе аз масъулин ва афсарони баландпояи Хадамоти кашшофии Исроил мулоқоти мунтазами маҳрамона анҷом медиҳад. Бар асоси ин гузориш, Арабистони Саудӣ гӯиё дар сурати зарурат ва иҷрои кадом як иқдоме алайҳи Эрон омадааст, ҳарими ҳавоияшро дар ихтиёри Исроил Қарор диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30