Даъват ба Идораи амният барои баргузории "тӯйи исломӣ"
Абдураҳмон Муҳаммад, як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, аз “зиёдаравӣ”-и кормандони амнияти миллӣ ҳангоми ифои вазифа дар ин минтақа шикоят дорад. Оқои Муҳаммад бо ирсоли як нома ба “Озодагон” гуфтааст, чанде қабл ба Шӯъбаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Ашт даъват шуда, ба хотири барпо кардани тӯйи арӯсӣ бо ҳузури руҳониёни исломӣ ва амри маъруф ба нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим муттаҳам шудааст.
“Аз раҳбарияти КАМ-и ноҳия хоҳиш кардам, қонуне, ки баргузории "тӯйи исломӣ”, яъне барпокунии тӯй бо ҳузури ходимони дин ва амри маъруфро манъ мекунад, нишон диҳанд. Онҳо аз Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, банде, ки дар хонаҳо гузаронидани мавлудро манъ мекунад, мисол оварданд”,-гуфтааст ӯ.
Ин сокини ноҳияи Ашт бар ин аст, ки кормандони Кумитаи амнияти миллии кишвар дар ҳоле аз ӯ як “фарди қонуншикан месозанд”, ки нақзкунандаҳои ошкорои қавонини амалкунандаи кишвар вуҷуд дораду касе бо онҳо кор надорад: “Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷалби донишомӯзон ба ҷамъоварии пахта манъ мебошад. Аммо аз оғози моҳи сентябр хонандагони мактаби рақами 1-и ба номи Умари Хайёми ноҳия баъд аз соати дарсӣ ва рӯзҳои истироҳат ба таври маҷбурӣ ба пахтазорҳо сафарбар мешуданд.” Абдураҳмони Муҳаммад илова менамояд, бар асоси дастури Вазорати маорифи Тоҷикистон таҷлили бошукуҳи Занги камолот дар таълимгоҳҳои кишвар мамнуъ мебошад. Аммо ба қавли ӯ, ин ҷашн дар ин минтақаи кишвар бо иштироки санъаткорону наворбардорӣ ва оростани дастархонҳо аз ҳисоби маблағи ҷамъоваришуда аз сӯи мактаббачагон таҷлил мешавад.
Оқои Муҳаммад меафзояд, чанде қабл 90-солагии мактаби миёнаи рақами 1-и ба номи Умари Хайёми ноҳияи Ашт ба таври бошукуҳ таҷлил гардид. Ӯ гуфтааст, “барои барпо кардани ин ҷашн, ки бо зиёфату нӯшокиҳои спиртӣ ва ҳузури намояндагону раҳбарияти ҳукумати маҳаллӣ сурат гирифт, аз ҳар як донишомӯз иҷборан 10 сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуда буд”. Сокини ноҳияи Ашт нигаронӣ аз он дорад, ки “вақте аз чунин қонуншиканиҳо ба раҳбарияти Шуъбаи кумитаи амнияти миллӣ дар ин минтақа ҳарф мезанӣ, таваҷҷӯҳ надоранд. Мисли он ки гӯиё ин ҳама дар баробари баргузории тӯй бо ҳузури руҳониёни исломӣ ҳеч бошад.”
Ин ҳодисаи аввали даъват ба идораи амният, ҷарима бастан ва ё ба додгоҳ кашидани сокинон барои баргузории тӯйи исломӣ нест. Қаблан, дар соли 2011 додгоҳи Ашт як сокини шаҳраки Шайдон ва бархе аз масъулони дафтари ҲНИТ дар ноҳияро барои баргузории тӯйи исломӣ муттаҳам карда, наворбадори тӯй – Ҳусниддин Шарофовро барои панҷ рӯз пушти панҷара фиристода буд. Маҳмудҷон Қосимов, як сокини бознишастаи ноҳияи Ашт, низ моҳи апрели соли ҷорӣ дар пайи баргузории тӯйи хонадоршавии писараш ба пардохти 4 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |