Рӯзи 2-юми август қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз сӯи райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, тарҳи ин санад аз ҷониби вакилони ҳар ду палатаи парлумони кишвар ҷонибдорӣ гардида, барои баррасӣ ва тасвиб ба президент ироа гашта буд.
Дар ҳамин ҳол, мақомот ва коршиносони наздик ба давлат қабули ин қонунро барои парвариш ва такомули як инсони дорои заковат ва донишҳои олӣ басо муҳим хонда ва онро як тарҳи сирф тоҷикӣ дар арсаи қонунгузорӣ баҳогузорӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки як бахше аз ҷомеа ба ин тарҳ мухолифат карда, аз таззоди чанд нуктаи он ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои наврасону ҷавонон интиқоди шадид кардаанд. Бахусус, ин афрод ба нақз шудани таълими динии кӯдакону наврасон дар лоиҳаи ин қонун ишора мекунанд.
Бояд гуфт, тарҳи қонуни мазкур ҳанӯз дар моҳи декабри соли гузашта таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шуда буд.{jathumbnail off}
Мӯҳр