Ҳукумати нави Тоҷикистон бо Ҳизби наҳзат чӣ хоҳад кард?
Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Яке аз мавзӯъҳои матраҳ тайи чаҳор соли охир бастан ё набастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби динии сиёсӣ дар Осиёи Марказист. Протоколи “32-20”, ки натиҷаи як ҷаласаи махфии ҳукумат аст ва фишорҳо ё "таъқибу гурез"-ҳои рӯзафзуни аъзои ин ҳизб ба ин шоеа доман задааст.
Бисёриҳо тахмин мезаданд, ки мақомот шояд баъд аз анҷоми интихоботи президентии 6 ноябр дар бораи бастан ва ё набастани ҲНИТ тасмим бигиранд. Ҳоло, ки интихобот гузаштаву баъд аз адои савганди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон, ҳукумати нав дар ҳоли ташкилшавист, ҲНИТ дар чӣ вазъ асту таҳлилгарон чӣ пешбинӣ доранд. ҲНИТ ягона ҳизби исломии дар чорчӯби қонун фаъолияткунанда дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ин ҳизб соли 1992 худро даргири ҷанги шаҳрвандӣ намуд ва ҳарчанд дар натиҷаи ин ҷанг натавонист демократияи воқеиро дар Тоҷикистон ба армуғон биёварад, аммо тавонист худро ҳамчун як ҳизби қонунӣ сабти ном намояд ва вазифаҳоеро ҳам ба чанги худ даровард.
Билохира, бо шикастҳои паёпайи ин ҳизб дар интихоботҳои гузашта кам-кам фишорҳо ё сахтгириҳо болои ин ҳизб афзоиш меёбад. Ҳатто дар расонаҳо ва маҳофили таҳлилӣ манъи фаолияти ин ҳизб матраҳ аст. Ҳарчанд мақомот то ҳол дар ин маврид изҳори назари расмие накардаанд, аммо се соли қабл Бозор Собир, шоири маъруфи кишвар, гуфта буд, ки зарурате барои фаолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон нест.
Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҲНИТ, мегӯяд, “дар воқеъ, доираи манфиатхоҳе аз қабл чунин ангеза ва хоҳише дар мавриди зарурат надоштани вуҷуди як ҳизби сиёсии моҳияти динӣ доштаро дар долонҳои ҳукумат ва берун аз он ҳам доштанд ва қисмати динситези аслии ҳамин доира ин фикрро аз сари хеш канор набурдааст”. Ӯ дар идома афзуд, "мо ҳатто дар арафаи таҳаввулоти конститутсионӣ дар соли 2003 шоҳиди тағйири моддаи 28-и Конститутсия ҳам будем, вале бо як изҳороти шадидуллаҳни устод Нурӣ аз иқдоми хеш канор рафтанд, эхтимол ҷаноби Раҳмон ҳам дар ин маврид ризоият надода бошад. Аммо агар мавҷудияти чунин як ҳизбро аз нигоҳи манофеи миллӣ ва давлатӣ ба баҳс бикашем, ҷуз манфиат чизи дигаре дар миён нест."
Меҳмоншоҳ Шарифзода, сиёсатшиноси тоҷик, ҳам мегӯяд, бастани Ҳизби наҳзат гуфтугӯест, ки дар воқеияти аслии Тоҷикистон реша надорад. “Ин кор имкон надорад. Зеро ин ҳизбро банданд ҳам, боз чунин ҳизби ба арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои аслии тоҷикӣ такякунанда ва фаъол мисли ҲНИТ, дар шакли дигар ва бо номи дигар, рӯи кор хоҳад омад. Ин на фақат мавҷудияти фарҳанги пасти сиёсист, балки маризии равонии худкамбинӣ ва худ пастзанист”,-гуфт Шарифзода. Вай афзуд, “вазъ чунин аст, ки мо ҳанӯз болои вайронаҳои Шӯравӣ истодаему ҳаракатеву сохтмоне нест ва фазои сиёсии созандаву пешравандаро бе арзишҳо ва ормонҳо, ки дар барномаи ин ҳизб зикр шудаанд наметавон тассавур кард."
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки бо вуҷуди афзоиши фишорҳо кор ба бастани наҳзат анҷом нахоҳад ёфт. Мирзои Салимпур, таҳлилгари тоҷик, бовар дорад, Ҳизби наҳзат тайи 16 соле, ки аз поёни ҷанги шаҳрвандӣ гузашт, ҳамеша худро як ҳизби гапдаро нишон додааст ва берун аз хатте, ки давлат барояш мекашад, кӯшиш мекунад пой нагузорад. Аз тарафи дигар бо бастани ин ҳизб чӣ мурод ба даст меояд? Ӯ гуфт: "Тарафдорони исломи сиёсӣ ҳеҷ куҷо намешаванд, балки дар гурӯҳҳои пинҳонкор ва таҳти шиорҳои тундтар ба муборизаи худ идома хоҳанд дод, ки ин ба нафъи ҳукумат нест. Ҳукумат маҷбур аст, ҳузури ҳизби наҳзатро таҳаммул кунад, то фардо дар рӯбарӯяш ҳизбҳои тундтаре чун Ансоруллоҳ ё Толибони Тоҷикистонро надошта бошад. Аз ин рӯ, инҳо - давлат ва наҳзат - ҳузури ҳамдигарро ба ҳамин шароите, ки ҳаст дастикам дар кӯтоҳмуддат таҳаммул хоҳанд кард."
Ба гуфтаи Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода, элитаи ҳоким маҳз дар заминаи созиши сулҳ бо наҳзат машруият пайдо карду онро тақвият бахшид, агарчӣ душманони сулҳ дар дохилу хориҷ бо сароҳат мухолифи чунин созиш будаанду ҳоло ҳам ҳастанд. “Бинобар ин, ҳукумат дар манъи наҳзат хавасманд нест ва манфиате ҳам надорад, ҷуз маҳдуд кардани аъзо ва пайравони он аз фаъолияти густурда”,-таъкид кард ӯ. "Канор мондани наҳзат аз интихобот кадом шӯру шавқе дар интихобот дошт? Пас, масъала ин аст, ки доираҳои манфиатхоҳ танҳо аз ҳузур ва нуфузи бештар касб кардани наҳзат вуҷуди худро дар ҳукумат ва доираи дигари ҷомеа нигарон мебинанд. Оқибати кор кадом хатаре барои манъи наҳзат нахоҳад дошт ва ҳеч ҷангу даргирие рӯй нахоҳад дод",-афзуд сухангӯи ҲНИТ.
Бо ин ҳама, мақомоти давлатӣ то ҳол дар ин замина изҳори назаре накарда, аз ташреҳи масъала низ худдорӣ мекунанд. Ниҳодҳои давлатӣ дар посух ба суоли мо дар ин замина гуфтанд, касе дар фикри маҳдуд кардани фаъолият ва ё бастани ҲНИТ нест. Онҳо далел пеш меоварданд, ки Ҳизби наҳзат ҳоло озодона фаъолият дорад ва чорабиниҳо мегузаронаду аъзои нав қабул мекунад ва Вазорати адлия, масъули сабтиноми созмонҳову аҳзоб, ҳанӯз муҷаввизи онро бекор накардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |