Бародарзодаи Зайд Саидов озод шуд, аммо бе паспорт монд
Дилшод Раҳимов, бародарзодаи Зайд Саидов, ки рӯзи 18 ноябр ҳангоми бозгашт аз Эрон дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид, тақрибан соати 8-и шоми ҳамон рӯз озод гардидааст. Наздикони ӯ мегӯянд, оқои Раҳимов аз як сӯ барои иштирок дар маросими дафни модараш, ки рӯзи 17 ноябр даргузашта буд ва аз сӯи дигар барои шоҳидӣ додан дар мурофиаи Зайд Саидов ба Тоҷикистон омадааст.
Яке аз наздикони Дилшод Раҳимов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, мақомот ҳанӯз шиносномаи ӯро барнагардондаанд. “Мо то ҳол ба ин савол ҷавоб намеёбем, чаро номи ӯ дар феҳристи одамонест, ки таҳти пайгард қарор доранд. Барои кадом кораш?”,-афзуд мусоҳиби мо.
Дилшод Раҳимов дар мурофиаи Зайд Саидов яке аз шоҳидони аслӣ ва ё калидӣ дониста мешавад. Вай қаблан иттиҳомоти Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов дар мавриди аз Низомхон Ҷӯраев кашида гирифтани "Тоҷикатлас"-ро буҳтон номида буд.
Оҷонсии зидди фасод Зайд Саидовро дар он муттаҳам мекард, ки ҳангоми вазирияш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро бо сӯиистифода аз мавқеяш аз Низомхон Ҷӯраев кашида гирифтааст. Аммо Дилшод Раҳимов мегӯяд, “Тоҷикатлас”-ро ӯ харидааст, на Зайд Саидов. Ӯ таъкид намуда буд, агар амнияту дахлнопазирияш дар Тоҷикистон кафолат дода шавад, омодааст, ба Ватан баргардад ва ба қазияи “Тоҷикатлас”-у Зайд Саидов рӯшанӣ андозад.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |