Дар 4 хонаи истиқоматии сокинони маҳаллаи Дарвози шаҳри Душанбе сўхтор ба амал омад.
Тавре аз маркази матбуоти РХДО ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, санаи 1-уми августи соли ҷорӣ тахминан соати 12:13 дар кўчаи Қаҳҳоров 36, гузаргоҳи 9-уми маҳаллаи мазкур дар манзилҳои истиқоматии Башорат Каримова, Толиб Ҳаётов Инатулло Зубайдов ва Карим Мастонов оташсӯзӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар як муддати кўтоҳ алангаи оташ 80 метри мукаабро фаро гирифта,қисман хонаҳоро хароб кард. Оташнишонони хадамоти оташнишонии ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино-1 ва қисми минтақавии мустақили сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД бо роҳбарии Қудсиддин Салоҳиддинов, муовини аввали сардори сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ то соати 14:30 сўхторро ба пуррагӣ хомўш намуданд. Айни ҳол сабабҳои сар задани сўхтор ва хисороти расида муайян карда мешавад.{jathumbnail off}
Мӯҳр