Бахшҳо

Нобоварӣ барои ташхиси мунсифонаи мақолаи Тутубалина

Интизор меравад имрӯз, 13 ноябр, дар мурофиаи додгоҳии зиёиён алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи "Азия-Плюс" додраси парванда қарорро дар мавриди гузарондани ташхиси лингвистикӣ эълон кунад. Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина, хабар дод.

Зиёиён талаб доранд, ташхиси лингвистикии матлаби Тутубалина, “Неинтеллегентно об интеллегенции”, ки боиси ин баҳси додгоҳӣ шудааст, ҳар чӣ зудтар гузаронда шавад. Рустам Устобоев, намояндаи зиёиён дар мурофиаи рӯзи 12 ноябр дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфтааст, танҳо мехоҳанд, ташхиси лингвистикӣ мунсифона ва мустақилона гузаронда шавад.

Аммо ҷониби дифои Тутубалина дар мунсифонаю мустақилона гузарондани ташхиси лингвистикии матлаб дар дохили Тоҷикистон шубҳа дорад. Иноят Иноятов мегӯяд, дар дохили Тоҷикистон танҳо ду ниҳод -- Кумитаи забон ва истилоҳот ва Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ташхиси лингвистикӣ мегузаронанд, ки ҳардуяшон то ҷое ба Акдемияи улум алоқа доранд. Дар ҳоле ки Академияи улум яке аз даъвогарон аст, Иноят Иноятов пешниҳод дорад, ташхиси лингвистикӣ дар хориҷи Тоҷикистон гузаронда шавад.

Ин пешниҳоди ҷониби Тутубалинаро намояндагони зиёиён танҳо баҳона барои ба дарозо кашидани мурофиаи додгоҳӣ арзёбӣ мекунанд. Интизор меравад, қарори додгоҳ дар мавриди замону макони гузарондани ташхиси лингвистикӣ 13 ноябр содир шавад.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.

Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
зиёи
Зиёниёни мо бечорахо бепул мондаанд барои хамин харчи зудтар мехоханд додгох хукми штраф барорад ва пулро "зиёиён"-и мо байни худ таксим кунанд.

Ин олга дар назди конун хатман бояд ба "сараш" посух гуяд, ба андешаи банда вокен таъкир чой дорад, тахкири бехад..., аммо ин зиёинро хам мебояд дар навбати худ, на танхо ба суханони олга, бал ки ба хама мушкилоти чомеа ва ноадолатихо вокуниш ва аз худ дарак диханд, дар акси хол танхо ба ном зиёи мемонанд, = "Олими беамал, Занбури бе асал"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)