Боздошти 12 шаҳрванди Қазоқистон дар Дубай
Дар пайи як амалиёти вижа зиёда аз 10 шаҳрванди Қазоқистон аз сӯи кормандони пулиси Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай боздошт шудаанд.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, шоми 30 ба 31 октябр кормандони пулиси Дубай 14 нафарро боздошт кардаанд, ки 12 тои онҳо шаҳрванди Қазоқистон ва дуи дигар шаҳрвандони кишварҳои хориҷ мебошанд.
Манбаъ мегӯяд, ин шаҳрвандони Қазоқистон дар ширкате кор менамудаанд, ки бо хариду фурӯхт ва интиқоли мошин ба хориҷ аз Дубай машғул мебошад. Дар мавриди ному насаби боздоштшудагон ҳанӯз иттилое оварда нашудааст. Танҳо як табаи Қазоқистон аз Дубай дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш гуфта, ки ду тои онҳоро мешисонад, яке Асалбек Шукранов ва дигарӣ Нурим Куаниш ном доранд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти қудратии ду кишвар ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодаанд ва далели боздошт шудани шаҳрвандони Қазоқистон ҳоло маълум намебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |