Амрико сахитарин шарики Тоҷикистон боқӣ мондааст
Дар 9 моҳи соли равон 44 кишвари хориҷӣ ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ироа кардаанд, ки аз нисф зиёди ин кӯмакҳо ба ИМА рост меояд.
Тибқи иттилои Оҷонсии омор, Тоҷикистон дар моҳҳои январ-сентябри соли равон аз хориҷ дар ҳаҷми 56 миллиону 518 ҳазор доллари амрикоӣ, ё худ 9 ҳазору 675 тонна кӯмаки башардӯстона гирифтааст, ки қариб 63 дарсадаш ба Амрико рост меояд.
Русия аз рӯи хайри ба Тоҷикистон кардааш дар ҷои дуюм қарор дорад. Ба ин кишвар 11 дарсади кӯмакҳои гирифтаи Тоҷикистон рост меояд.
Дар 9 моҳ ба Тоҷикистон инчунин Нидерланд, Чин, Амороти Араб, Ҳиндустон, Корея, Британияи Кабир, Фаронса, Покистон, Туркия, Исроил, Афғонистон, Испания, Малайзия ва дигар кишварҳо кӯмаки хайрия кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |