Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни як амалиёти вижаи кормандони мақомоти интизомӣ Сулаймон Сафохонови 51-сола, сокини шаҳри Ваҳдат дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ӯ моҳи июни соли 2007 дар якҷоягӣ бо ширкати «ДЭЛВОН-плюс»-ИНК тариқи сохтакорӣ, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб дода, ба филиали «Агроинвестбонк»-и шаҳри Ваҳдат пешниҳод намудааст. Тибқи ин асноди тақаллубӣ гуё тариқи истгоҳи Янгибозор ба суроғаи як соҳибкор 882 тонна маҳсулоти сохтмонӣ аз қабили семент ворид карда, маблағи 384.000 сомониро ғайриқонунӣ аз они худ намудааст. Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр