Садама дар Бадахшон 4 кушта ва се маҷруҳ барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як садама дар шоҳроҳи Душанбе –Хоруғ, дар қаламрави ноҳияи Рӯшон 4 нафар ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба иттилои манбаъ рӯзи 27-уми октябр, ронандаи автомашинаи «Тойота-ланд Крузер», Суфишоев Мақсуд Шириншоевич соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Рушон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи Душанбе ба самти Хоруғ дар мавзеи деҳаи Шпати ноҳияи Рушон, суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сангҳои тарафи рости роҳ бархўрдааст ва ба дохили дарёи Панҷ чаппа шудааст: “ Дар натиҷа худи ронанда ва мусофирони автомашина, - Фарҳодова Ҳуснизуҳал Неъматовна соли таваллудаш 2009, Зуҳурбеков Кокулбек соли таваллудаш 1934, сокинони ноҳияи Рушон, Неъматова Қурбондавлат Раҳматуллоевна, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.”
Ин ниҳод мегӯяд, мусофирони дигари автомашина, Зуҳурбекова Малика Кокулбековна, соли тавалудааш 1969, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, Ғарибшоева Фарзона Шириншоевна, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Рушон ва Ванҷиева Муаззама Орифназаровна, соли тавалудааш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |