Номаи Раҳмон ба раисиҷумҳури Туркманистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ҳамтои туркмани худ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо рӯзи истиқлолияти кишвараш табрик кардааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин номаи худ ба сатҳи кунунии равобити Душанбе ва Ашқобод баҳои баланд дода, ибрози умедворӣ намудааст, ки дар оянда низ ҳамкориҳои ду кишвар тақвият хоҳанд ёфт.
Инчунин дар ин нома таъкид шудааст, ки Тоҷикистон барои дар амал тадбиқ намудани созишномаҳои бо Туркманистон имзокардааш бо тамоми имконот талош хоҳад кард: “Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи созишномаҳои мо, ки ба рушду таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба нигаронида шудаанд, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мекунад.”
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои туркмани худ дар роҳи амалӣ гардидани нияту нақшаҳояш, ки ба рушди Туркманистон ва таҳкими мавқеи байналмилалии он равона гардидаанд, муваффақиятҳои бузург ва ба халқи бародари туркман пешрафту шукуфоиро таманно кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |