Боздошти шаҳрванди Узбакистон, ки дар одамфурӯшӣ муттаҳам мешавад
Дар Қазоқистон як шаҳрванди 42-солаи Узбакистонро, ки ба одамфурӯшӣ муттаҳам мешавад, боздошт кардаанд.
Расонаҳои қазоқӣ менависанд, кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Костанайи Қазоқистон марди узбакеро дастгир кардаанд, ки тули чанд муддат мешавад, зери пайгарди қонунӣ дар кишвараш қарор доштааст.
Ба гуфтаи мақомоти пулиси вилояти Намангони Узбакистон, ин мард ҳамватанони худро аз кишвараш барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Қазоқистон бурда, дар онҷо онҳоро ба соҳибкорони машғул бо корҳои сохтмонӣ буда мефурӯхтааст. Дар натиҷа муҳоҷирони узбак маҷбур мешудаанд, танҳо барои ғизо бидуни маош кор кунанд.
Пулсии Узбакистон мегӯяд, ин шаҳрванди 42-солаи кишварашро аз моҳи май инҷониб ҷустуҷӯ дошт. Вале дар бораи ному насабаш чизе нагуфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |