Қирғизистон: Узбакистон намехоҳад, бо мо дар бораи НБО-и "Қамбарато-1" суҳбат кунад
Узбакистон бори дигар даъвати Қирғизистонро барои иштирок дар баррасии масоили марбут ба неругоҳи барқӣ-обии “Қамбарато-1”-и ин кишвар рад кард.
Ба иттилои расонаҳи қирғизӣ, Аскар Бешимов, муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон гуфтааст, дар соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои поёноб ва болооби дарёи “Нарин” чандин мулоқот барои баррасии масоили неругоҳи “Қамбарато-1” баргузор шудааст.
Ӯ мегӯяд, мо аз ҳамаи кишварҳо даъват карда будем, ки дар сохтмони ин неругоҳ иштирок кунанд. Вале ба гуфтаи ӯ, Узбакистон ин даъватро напазируфтааст. Муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон изҳор доштааст, ки кишвараш ҳанӯз ҳам иштироки Узбакистон ва дигар давлатҳоро дар ин сохтмон интизор мебошад.
Мақомоти Бишкеку Маскав барои сохтмони Неругоҳи барқӣ-обии Қамбарото-1-и Қирғизистон ҳанӯз соли 2008, даврони ҳукуматдории Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишвар тавофуқномаеро ба имзо расонида буданд. Вале аз сабаби иҷро нагардидани бархе аз тааҳҳудот аз ҷониби Қирғизистон Русия сохтмони ин неругоҳро мавқуф гузошт. Баъдан моҳи сентябри соли 2012 дубора миёни мақомоти русу қирғиз дар ин бора тавофуқномаи наве имзо шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |