ВИДЕО: Миёни фавтидагон дар Самара тоҷик низ будааст
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия муайян намудааст, ки дар пайи сонеҳаи калони нақлиётӣ дар Самара як шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва як нафари дигар маҷруҳ гардидааст.
Тавре Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагӣ, ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар пайи садама дар Самара, Худойназаров Аҳкомуддин, сокини Қумсангир, соли таваллудаш 1970 ҳалок гардида, Сатторов Дилшоди 35-сола, сокини Файзобод ҷароҳат бардоштааст.
Ба итилои манбаъ баробари шаҳрванди Тоҷикистон дар ин садама 11 шаҳрванди Узбакистон ва як шаҳрванди Озарбойҷон низ ҳалок гардидааст. Ин ҳама мусофирони як микроавтобусе арзёбӣ мешаванд, ки ба хатти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо мошини боркаш бархурда, оташ гирифтааст. Намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, айни ҳол барои шинохти ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон хешовандонаш даъват шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |