Сафорати Тоҷикистон дар Маскав: “Вазъият душвор аст”
Бархе аз муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, кору зиндагӣ мекунанд, рӯзи 14 октябр аз манзили зисташон берун нарафтаанд. Онҳо мегӯянд, ин шабу рӯз миллатгароёни рус бисёр хашмгинанд ва ҳатман дар қиболи муҳоҷирон аз раҳму шафқат кор нахоҳанд гирифт.
Парвина Иброҳимова, як донишҷӯи тоҷик, ки дар Маскав таҳсил дорад, гуфт, рӯзи душанбе ба донишгоҳ нарафтааст ва тамоми рӯзро ҳам дар манзилаш пушти сар хоҳад кард. Тазоҳуроти сокинони Маскав барои пайдо кардани қотили Егор Шербаков, як ҷавони 25-сола, рӯзи 13 октябр шурӯъ шуд. Тазоҳургарон мегӯянд, қотили Шербаков як муҳоҷири қафқозист ва бинобар ин тамоми муҳоҷирон аз қаламрави Русия берун карда шаванд.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, мегӯяд, ин гирдиҳамоии шаҳрвандони Русия дар ҷаласаи субҳи душанбеи сафорат ҳам баррасӣ шудааст. Оқои Эгамзод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “ҳоло Хадамоти консулгарии сафорат дақиқ мекунад, ки оё ягон шаҳрванди мо зарар дидааст, ё на. Вазъият душвор аст ва субҳи имрӯз дар ҷаласаи сафорат ҳамин масъала баррасӣ шуд.”
Аммо Муҳаммади Эгамзод дар бораи он ки шаҳрвандони Тоҷикистон оё дар намози Иди Қурбон дар Маскав иштирок хоҳанд кард ва вазъашон чигуна хоҳад буд, гуфт, “гап сари он аст, ки Маскав шаҳри бузург аст. Гирдиҳамоӣ дар байни ҷанубу ғарби қисмати Маскав мегузарад. Аммо мо тамоми шаҳрвандонро огоҳ карда наметавонем, ки барои намозгузорӣ ҷамъ наоянд, чун вазъият вазнин аст. Хоҳему нахоҳем, онҳо барои намоз гузоштан мераванд.”
Ин бори аввал нест, ки миллатгароёни рус бо баргузории тазоҳурот ихроҷи муҳоҷиронро дар миён мегузоранд. Қаблан ҳам чунин гирдиҳамоиҳо бо шиори “Маскав танҳо барои сокинони Маскав” баргузор шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |