Бахшҳо

Хоҳиш ва талаби Раҳматилло Зоиров аз Эмомалӣ Раҳмон

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва роҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, 4-уми октябр бо пахши як изҳорот пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми президентӣ “инкор ва шикасти Сарқонун” номид.

Зоиров дар ин изҳороти худ гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон дигар ҳаққи номзад шудан ба мақоми президентиро надорад: “Хабар расид, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат гирифтааст, яъне ҳоло ин амали ғайриконститутсионӣ на аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, балки аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон содир шуд. Бояд қайд намоям, ки тибқи қисми дуюми моддаи 42-и Қонуни асосии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгарии ҳуқуқиро истисно намекунад. Қаблан номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони Иттифоқи ҷавонон ва инчунин, Федератсияҳои мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Аз рӯи иттилоъ то имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба ин пешниҳодҳо ҳам ризоияти худро надодааст.”

Бо зикри ин, Раҳматилло Зоиров ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, гуфтааст, “эҳтиромона хоҳиш ва талаб мекунам, тибқи моддаи 64-и Конститутсияи Тоҷикистон, яъне ҳамчун кафили Конститутсия ва он арзишҳое, ки дар ин модда зикр ёфтааст, ба амали зиддиконститутсионӣ ва ба шикаст ва инкори Конститутсия роҳ надиҳед!” Зоиров таъкид намудааст, вазифаи президентӣ аз Конститутсия, қонуният ва адолати иҷтимоӣ боло шуда наметавонад.

Муроҷиати Зоиров дар ҳолест, ки рӯзи 4-уми октябр беш аз ҳазор вакили Анҷумани 11-уми Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Филармонияи давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари ин ҳизбро ба унвони номзади худ интихоб карданд. Аммо худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат пазируфтааст.
Мӯҳр
А
Неки и зоировба гап нест.ягун криши бакуват дорад.

Салмон
Эй чаноби Рахмон! Агар ба суханони чаноби Зоиров амал накунед, шумо худро хамчун дуруггу хисобед! Чунки худ гуфтед, МАН ХЕЧГОХ КОНУНРО ВАЙРОН НАКАРДААМ ВА НАХОХАМ КАРД!...

ЭЭЭЭЭЭ ака тану чони сихат дори Худо гуфта кори худата карда гард охи кадом руз мебардоранд ба мисли дигарон! Бад аз дохили тюрма дод мегуиву дод лек ба додат касе намерасад!!!

Дар назархои пешин нафарони зиёд Р.Зоировро лухтак ном гирифтанд. Лухтак не у Зачик будаст. Бинед, ки дар хамин маъракаи интихобот анчумане, ки вакил надорад аз 23 сентябр ба 6 октяб, аз 6 октябр ба 12 октябр гузаронида акнун ният дорад, ки онро баъди 6 ноябр гузаронад. Барои ки даркор ин хел хукукшиносу ин хел "хоми". Ахиран ИНИТ-ро хам фиреб дода харчопарак кардесай. Ана обуру ана гайрат.

Аваз
Кай Рахмонов рост гуфта аст, ки мо боз ин суханхояша кабул кунем.

Карим
Хуб мебуд, Эмомали дигар президент нашавад. Ахсант, Зоиров мардонагиатро нишон доди. Эмомали дигар барои Точикисистон коре карда наметавонад.

Voris
Behtarin peshnihod baroi Rahmonov agar guyad ki man haq nadoram prezident shudan in mardonagist А,

Е мардуми Точик охир хамин Узбакистон мехохад ки бо воситаи Зоиров лобии худро дар Точикистон ташкил кунад.
Биеед зираку доно шавед.

А,
krishai zoiruf uzbakiston ast azz bobonazarovaham.

ягон конун манъ накардааст пешбарии номзадро бе иштироки номзад...зоиров аз афташ тамоман..хайр мешавад...инсон инсон аст..хали бухрони хизби зоиров бояд ба истеъфо равад. ягон рохи пешгирифтааш дуруст набуд. хизбро тамоман заиф кард. бо ин хел обру дар точикистон хеч гох мувуффак намешавад..бояд равад...12 октябр дар анчумани хизб мард боши истеъфо дех...ба хизб ва худат ахамият дех...

Эмомали Рахмонов сад соли дигар истад зебанда аст

Одам
Мухтарам Зоиров барои чи гайриконуни будани пешбарии номзадии Президентро исбои намекуни, ё ба тарики суди даъво намекуни.
Он чизе, ки исбот намешавад аз гапи бехудаи "Првокатсиони", "Кучаги"беш нест. Чунин гап зани лафзи хукуки нест бафикрам.

Абдулло Усмонзода
Ё товба, ин агенти Узбакистон хам гап мезадай да.

Ватандуст
Ба Саид ва дигар беадолатипарастхо: Кош, миллати мо мисли Зоиров бештар фарзандони донову нотарс ва хакгуй медошт. Шумо, фабрикаи чавоб, бо хар рох ин инсони шарифу дилсузи миллатро бадном кардани мешавед. Вале хакикат човидон мемонад ва хама ин бадгуихои Шуморо, ки сиёхро сафед ва сафедро сиёх мегуед, мардум мефахмад ва кайхо ки ки буданашро донистааст. Як замон шумо баринхо ба Устоди рахмати Тохири Абдучаббор хам чунин бадгуихо карда уро хам агенти кишвархои хоричи эълон карда будед. Вале дере нагузашта дар худи сар шудани вокиахои хунини Точикистон чун офтоб рушан шуд, ки ки агент ва думрави кишвархои бегона будаасту манфиатхои Ватанамонро ба онон фурухта сарбозони бегона, махсусан точиккушхои Узбакистонро ба нобуд кардани мардумамон овардааст ва ки чун фарзанди хакикии миллат ва Ватан хамеша сухани хакро гуфта, дар душвортарин лахзахо хам, чи дар берун аз Ватан ва чи дар дохили он як кадам хам аз манфиатхои миллату Ватан дур нашудааст.

Гургаки борондида
Бале одам. Ман ба саид гуфтаниям ки чигуна одами Узбекистон будани Зоировро исбот кунед вагарна ин суханони "афсонаи солинави"-и шуморо дар филмхои турки тамошо кардан кайфиятноктар аст. Фaромуш накунед: сухани бедалел афсонае беш нeст!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)