Бахшҳо

“Агар тарафдори ҳукуматед, чаро номзадиятонро гузоштед?”

Халил ҚАЮМЗОД

Дуруд, хонандаи арҷманд!

Ин дафъа фазои пешазинтихоботиро менависам. Инак, мисле, ки мубориза оғоз шуд. Муборизаи сиёсӣ. Талош барои идораи давлат ва пуштибонӣ аз Тоҷикистон.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) номзади ягонаашро вориди “корзор” кард. Ойниҳол Бобоназароваи ҳуқуқшинос ба майдони муборизаи сиёсӣ ворид гашт. То ҷое ҳам ин бонуи сиёсатмадор тавонист, кулли нерӯҳои ислоҳтхоҳро дар паҳлӯи худ ҷамъ биоварад. Аммо...

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ҳеч орзуи президент шуданро аз даст надод, ки надод. Хуш ба ҳолаш. Шояд як раъйи худашро басанда мешуморад барои пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ. Ба худ боварӣ дорад ин мард. Чаро на? Худаш раису табъаш президент.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ҳам ин бор худашро аз дигарон кам намебинад. Оре, то ин дам аз ҲДТ касе иддаои курсии президентӣ накарда буд. Чаро на? Бигзор бошад. Муҳим ғалаба нест, муҳим иштирок аст. Миллат бояд фарзандонашро бишносад, ҳадди ақал дар ҳамин даврон.

Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ. Ин кас ҳам аз касе кам нестанд. Чаро худро аз Абдуҳалим Ғаффорову Саидҷаъфар Исмонов кам ҳисобанд? Аммо агар ҳукумати Тоҷикистон ба ислоҳоти иқтисодӣ ниёз медошт, аз Зайд Саидов, ки имкониятҳои хеле зиёд дошт, “ҷинояткор” намесохт. Барои ҳамин, аз ҷаноби Олим Бобоев ҳамчун як интихобкунанда хоҳиш мекунам, пеш аз номзадии худро пешбарӣ кардан, як ба чапу як ба рост нигоҳ кунед.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Дар мусоҳибаи ахираш ба “Озодагон” гуфта буд: “Демократия дар ҷангал аст, мо сотсиализм месозем”. Ман ҷаноби Талбаковро ҳамчун як инсони дигарандеш, дорандаи андеша, фикр ва хулосаи худ, эҳтиром мекунам. Аммо дар интихоботи қаблии президентӣ ҳам ҷанобашон ширкат карда соҳиби 5,1% раъйи мардум шуда буданд. Оё он кас барои ҳамон 5,1% мардуми ба он кас раъйдода ягон ҷомеае сохтанд? Пас, намешуд, ки аз иштирок даст бикашанду аз номзаде ҷонибдорӣ кунанд, то ки ин 5,1% барои пирӯзӣ кумак кунад?

Толиббек Бухориев, ҷонишини раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ҳам ҳамчун номзад ба курсии президентӣ пешбарӣ карда шуд. Номзад ба курсии президентӣ, мефаҳмед азизон? Ана, инро демократия меноманд. Қанд занед, Бухориев.

Ҷанобон!

Медонед, на барои халқ, на барои давлат, балки барои ҳукумати рӯз доред хизмат мекунед. Мехоҳед мардумрову оламиёнро гӯл занед, ки дар мо демократия ҳаст, дар мо интихобот баргузор мешавад. Ҳеч монеае нест. Зинҳор, ки фардо сархам нашавед назди фарзандону дӯстонатон ва назди миллат агар онро эҳтиром мекунед. Аммо хонандаи ҳушманд ба чашми худ дид, ки чӣ гуна монеаҳо сари роҳи як муддаии курсии президентӣ аз тарафи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, Ойниҳол Бобоназарова пеш омаданд. Аммо тааҷубовар ин аст, ки агар мехоҳед, аз ин ҳукумат пуштибонӣ кунед, чаро аз номзадии Раҳмон пуштибонӣ намекунед? Охир, ба ҳама маълум аст, ки роҳ дутост: Ё ҳукумати вақт бо сарварии Раҳмон ё ҳукумате нав бо Ойниҳол Бобоназарова.

Худро ба нофаҳмӣ мезанед?
Мӯҳр
Курбонали
Ин Халил худаша бааклу дигаронро гул мезанадку. Бо хамаи эхтиром нисбати Бобоназарова ман мегуям, ки Кучои Ойнихол сиёсатмадор аст? Уро танхо хамчун хукукшинос, корманди созмонхои байналмилали, хамчун зан мешиносанд. Мавсуф ба сиёсат умуман наздики надорад. Аз тарафи дигар, икрор бояд шуд, дар шароити имруза Точикистон дар радифи Рахмон дигар шахси ракобапазир надорад. Мо ба 20-25 соли дигар кафо рафтани нестем, то ягон нафари дигар биёяду аз нав созад. Ин аст хакикати вокеи, чаноби Халил Каюмзод!

а
Ракиби хакикии Рахмон танхо Бобоназарова хаст. Бокимонда хамаашон клоун хастанд, ки аз руи накшаи тархрезишуда "накш" меофаранд. Рости гап ба ин гуна "номзадхои" дуруя нафрат дорам.

Qurbon boy
Qurbonali qurboni shumo dar tjk 1 to xudo 1 to paygambar va tanho va tanho 1 to odami boaql ki ba mansabi bolo arzanda ast.

Шодибой
Аслан аз ин номзадхо, бузро бозиву харро ханда мегирад. кадом рузе метаркам, аз бадбахтии ин миллат. Шуморо намедонам , ман хатто аксхои ин нафаронро дар нашрияхо дида асбони мешавам. кучо гурехтану кучо монданамро то баргузории интихобот намедонам. О хама кор оинабарин маълум аст. Пас чи лозим ин

Эххаааа. Гайрата бинеда бародар Халил ту бисёр хонданат даркор холохам хоми!
Бидон дар ягон гушаи олам ИНТИХОБОТИ ИДЕАЛИИ ДЕМОКРАТИ НАБУД, НЕСТ ВА НАХОХАД ШУД. "Падари" Демократия Амрикост дар хамончохам Демократия нест Рохбари ИМАро "ШАХСОНИ ИДОРАКУНАНДАИ АМРИКО" имтихоб мекунанд. А ин хизбхои ЧУМХУРИХОХОНУ ДЕМОКРАТХО ПРОСТО ПАКАЗУХА МЕБОШАНД. Дар Русия низ хамчунин Путин-Медвед-Путин яъне ду 15 як 30. Хамачо 1 аст. Мардонавор мегуям чонибдори хукумат нестам, аммо аз пахлу истода ба манзараи ИНТИХОБОТ назар мекунам Хама 1 аст. Хулоса мебарорам бо хамин худаш (Рохбари феъли) истад бехтар аст, то он ки дагараш ояду бо чанд вакти дига бо корхои худаш машгул шавад. БЕДИЛ ГУФТА БУД: То чахон бокист Бедил, кори олам КАЧРАВИСТ. Хамачо 1 аст, эй азизон.

shoir
Курбонали!!!БА ФИКРАМ ДАР МО ОИН ШУДАГИ КИ ШАХСИ АЗ СИЙОСАТ БЕРУНРО ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ КУНЕМ..ЧУН ПРЕЗИДЕНТИ КУНУНИ КУЧО СИЙОСАТМАДОР БУД???

Муслим
дар боло як кас навиштай гичои Бобоназарова сиёсатмадор аст барои президенти сиёсатмадори даркорам нест аввал аклу инсофу адолат даркорай Э рахмонам сиёсатмадор буд

Озодагон 1 соат кабл банда шарх навистам нашр нашуд. Илтимос 1 тарафа нашавед 2 тарафа бояд шуд фикрхои моро хам нашр кунед. Хулосаи ман ин аст, ки ИНТИХОБОТ ДАР ЯГОН ДАВЛАТИ ДУНЁ ШАФОФ НЕМЕГУЗАРАД. Дар хамачо Номзадхои Рохбар Мешуда Пешаки Аник карда мешаванд. Интихоботро барои фиреби назар баргузор мекунанд.ДАР АМРИКО АВРУПО ХАМ ХИМЕХЕЛ ХАСТ. Хамачо 1 аст.
ТОЧАХОН БОКИСТ БЕДИЛ, КОРИ ОЛАМ КАЧРАВИСТ. Интизори нашри шархи худ.

точир
ба хамачо 1ас гуфтаниамки ту кур хасти барои он ки намебини хамачо 1кас мегуи

Ин хамачо якаст худша хамика доно мегирад аммо дар асл гуфтахояш ягон маъни надорад, индафа кушиш мекунанд нашуд дафъаи дигар хатман мувафак мешаванд, интихобот шаффоф намегузарад гуфта хама дар чояш хап карда шинад пас холи ин мардум чимешавад? Худовандхам гуфтааст аз шумо харакат аз ман баракат мешавад мардумро дилшикаста накунед бо ин фикрхои хоматон.

точикбача
касе президент шавад магар барои шумон барои мордуми одди фоида намерасад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)