Садама дар Данғара куштаю маҷруҳ барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 23-юми сентябр дар пайи садамаи нақлётӣ дар ноҳияи Данғара як нафар ҳалок ва дигаре ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Ба иттилои манбаъ ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Маҳмадиев Субҳон Набиевич, соли таваллудаш 1959, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар километри 122-юми роҳи Кӯлоб-Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Дурахшони ноҳияи Данғара, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили роҳ баромада, автомашинаро чаппа намудааст: “Дар натиҷа мусофири автомашина Муродалиев Субҳон, соли таваллудаш 1952, сокини ноҳияи Данғара, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири дигари автомашина Меҳроҷиддини Маҳмадраҳим, соли таваллудаш 1992, зодаи ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон барои як садамаи маргбор дар ҳудуди Данғара, масъулини бозрасии автомобилии Хатлонро муҷозот кард, ки назорати бехатарии ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлобро дар сатҳи лозима ба роҳ намондаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |