«Тоҷикистон кишвари кӯҳҳо ва обҳо».
Таҳти чунин унвон дар қароргоҳи марказии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА намоишгоҳи вижаи расмҳо ифтитоҳ гардид. Тибқи иттилои расонаҳо, ин чорабиниро намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ ва барномаи рушди Созмони Милал ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолияти миллии Тоҷикистон таъсис доданд. Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ намояндаи доимии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва ноиби дабири кулли СММ Нанбияр Виҷай ширкат ва суханронӣ карданд. Намоишгоҳ аз осори наққошии Леонид Хушвақтов ва аксҳои манзаравии Нозим Қаландаров тартиб ёфтааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр