Боздошти се зани узбак дар Ҳиндустон
Се шаҳрванди Узбакистонро дар Ҳиндустон ба иттиҳоми танфурӯшӣ боздошт кардаанд.
Ба навиштаи “The Times of India”, ин се зани узбак, ки аз 23 то 25 сола мебошанд, ҳангоми машғул будан ба корҳои фоҳишагарӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Кургани Ҳиндустон боздошт шудаанд.
Ҷузъиёти бештар дар бораи ин ҳодиса оварда нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин бори нахуст нест, духтарони узбак ба иттиҳои фоҳишагарӣ дар Ҳиндустон боздошт мешаванд. Қаблан хабаргузории “Фарғона” низ аз боздошти 5 зани узбак дар Деҳлии нав, ки ба танфурӯшӣ айбдор мешуданд, хабар дода буд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Ҳиндустон бо ҳамтоёни узбаки худ алайҳи корҳои фоҳишагарӣ мубориза бурда, ҳатто сафорати Ҳиндустон дар Тошканд низ низоми дарёфти визаи саёҳии кишвари худро барои узбакони то 40-сола мушкил кардааст.
Инчунин занону духтарони то 35-сола дар Узбакистон дар ҳоле раводиди кишварҳои хориҷро дастрас мекунанд, ки иҷозаи сафар ба хориҷаро аз волидайн ва наздикони худ ироа кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |