Сафари зоирони тоҷик ба Саудӣ ва номаи беҷавоби Раҳмон
Нахустин гуруҳи зоирони тоҷик рӯзи 21-уми сентябр барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд. Дар ин бора Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи умури дини Тоҷикистон, ба “Озодагон” хабар дод.
Бояд гуфт, сафари зоирони тоҷик дар ҳоле оғоз мешавад, ки мақомоти тоҷик ҳоло ҷавоби номаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шоҳи Арабистони Саудиро, ки барои коҳиш надодани теъдоди зоирони тоҷик фиристода шуда буд, дастрас накардаанд. Мавлон Мухторов мегӯяд, ҳанӯз шумораи дақиқи ҳоҷиёни тоҷик, ки дар маросими “Ҳаҷ-2013” иштирок мекунанд, маълум нест ва онҳо то рӯзи охирин посухи шоҳи Арабистони Саудиро мунтазир хоҳанд монд.
Вале қаблан Тоҷиддин Асомуддинов, сармутахассиси шӯъбаи Ҳаҷҷи Кумитаи дин, ба “Озодагон” гуфта буд, бино ба ҳисоби онҳо имсол тақрибан ҳудуди панҷ ҳазор сокини Тоҷикистон барои зиёрати Хонаи Худо мушарраф хоҳанд шуд: “Қарор буд, имсол шаш ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба зиёрати Маккаву Мадина бираванд. Аммо бо дархости Арабистони Саудӣ теъдоди зоирон имсол камтар мешавад.”
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, пардохти маблағи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад ва ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид, иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо шомиланд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |