Муасиси ширкати «IRS» кист, дар ин хусус ростӣ ман намедонам,- гуфт Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ зимни як нишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар Душанбе сурат пазируфт.
Ин посухи вазир дар пайи пурсиши хабарнигор дар нишасти мазкур садо дод. Ин дар ҳолест, ки вазорати нақлиёт муваззаф аст, дар бораи арзу тӯли роҳҳои кишвар, истгоҳҳои он, хоса дар мавриди шоҳроҳҳо кулли маълумотро дошта бошад.
Маврид ба ёдоварист, ширкати мавсум ба IRS, ки охири соли 2009 дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷинияи Бритония аз сӯи шаҳрванди Тоҷикистон номнавис шудааст, дар соли 2010 бар асоси қонуни консессионии Тоҷикистон назорат ва пулчинии ҷодаи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бо эъмори чанд плазаи толлингӣ ба ӯҳда гирифт.Дар пайи ин тасмим ва созишномаи дуҷониба истифодабараии ин роҳ пулакӣ шуд. IRS ё Innovative Road Solutions, аввалин ширкати нигоҳубини роҳ дар Тоҷикистон аст, ки шурӯъи фаъолияташ дар кишвар аз якуми апрели соли гузашта оғоз гардидааст ва бо гузашти 1 солу 4 моҳ касе муассис ва молики аслии ин корхонаро намедонад. Ва ё медонанду намегӯянд? {jathumbnail off}
Мӯҳр