Бахшҳо

“Ислом” дар ҲНИТ ба кӣ нафорид?

Сиёвуш Қосимзода

Дар мулоқоти руҳониён ва аҳли ҷамоатчигӣ бо президент чанд нафар пешниҳод кард, ки калимаи Ислом аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳазф шавад. Баъди ин дар намоишҳои телевизионӣ, афроде аз минтақаҳои мухталифи кишвар низ ба ҳамин нукта ишора карданд. Ин маърака сару садои зиёде дар ҷомеаро баланд кард. Ба вижа вақте, ки ин пешниҳод дар соли интихобот матраҳ гардид ва фишорҳо болои наҳзатиҳо ба қавли худи онҳо беш аз гузашта шиддат гирифтааст.

Ҳазфи номи ислом аз ҲНИТ ҷӯшиши мардумӣ ё ҳукуматӣ?

Бешубҳа ҷанҷоле, ки атрофи ҲНИТ бархостааст ва бархоста буд, аз солҳои қаблу акнун ба назар мерасад, ки дар давраи пеш аз интихобот ва пасоинтихобот идома ёбад, номи ин ҳизбро беш аз гузашта дар ҷомеа ва расонаҳо забонзад кардааст. Сару садое, ки гирдогирди ин ҳизб аст дар атрофи ҳеч ҳизби сиёсии дигари Тоҷикистон нест.
Дар навтарин мавриди он, ки баромади чанд нафар дар телевизион гуфтанд наҳзатиҳо бе ризояташон онҳоро вориди ҳизб кардаанд, бигзарем, чанде қабл чанд нафар аз намояндагони руҳониён таъкид намуданд, ки "Ислом ба ҳизб ниёз надорад". Ҳатто як нафари онҳо ба президент муроҷиат карда гуфт, "аз ҳизби наҳзат калимаи поки Ислом бардошта шавад, зеро ин ҳизб аз номи поки Ислом ба манфиати худ истифода бурда истодааст".

Ин, ки ба чӣ иллат ин пешниҳод ба вуҷуд омад, тахминҳои гуногунеро миёни коршиносон барангехтааст. Дар ҳамин маврид Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд мардуме, ки сиёсӣ кардани дини худро намехоҳанд, чунин пешниҳодҳо мекунанд: “Инки инро дар гардани ҳукумат бор мекунанду гӯиё ҳукумат онҳоро маҷбур кардааст, ин гапи нодуруст аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро маҷбур карда намешавад. Худи мардум намехоҳанд, ки номи Ислом дар сархати ягон ҳизб бошад ва ин албатта пешниҳоди шахсии онҳост. Вале мувофиқи конститутсияи ҶТ ҳизби хислати динӣ дошта дар марзҳои Тоҷикистон вуҷуд дошта метавонад. ҲНИТ дар асоси ҳамин нуқтаи конститутсионӣ на танҳо ташкил шуд балки фаъолияти он, ки пештар буд, баъди имзои созишномаи сулҳи 1997 барқарор гардид."

Сайфулло Сафаров мегӯяд, ки ҳазфи калимаи Ислом аз ҲНИТ танҳо бо қарори анҷумани ин ҳизб имкон дорад. Бе иҷозати анҷуману худи ҳизбиён ин корро карда намешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ, баргузор намудани мулоқоти президент бо намояндагоне аз қишрҳои руҳоният ҳадафмандонаву ҳисобшуда буд, вале масъалаи бардоштани номи "Ислом" аз ҲНИТ пайдоишаш аз ин вохурӣ ё қабл аз ин ҷаласа набуд. Сухангӯи ҲНИТ мӯътақид аст, масъалаи истифода бурдани Ислом ба нафъи манофеи ҳизбӣ ҳадди ақал баъд аз соли 2010 дар суханпароканиҳои мақомот ҳатто ҷаноби Раҳмон ҳам будааст.

"Аз забони Бозор Собир ин масъаларо порсол ба матбуот ҳам кашиданд, ки ин ҳам ҳисобшуда буд. Ин масъаларо ба таври зиёиёна дар ҷомеа матраҳ карданд ва баъдан рӯ оварданд ба қишри дигар то онҳо ҳамчун руҳониён дар ин бора изҳори назар кунанд, ки оё чунин як ҳизбе ба ҳамин ном дар ҷомеа метавонад фаъолият дошта бошад ё на. Ҳатто бархе аз онҳо гуфтанд, ки бигзор ҳизб бошад вале номаш исломӣ набошад",
гуфт Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода.

Ба қавли номбурда, гӯиё онҳо покии Исломро ҳис мекунанд, ки вақте номи Исломро аз ҲНИТ гирифтанд, Исломро дар ҷомеа пок кардаанд:"Вале онҳо наметавонанд боре ба аъмоли хеш назар андозанд оё дар ин раванде, ки болои Ислом ва арзишҳои он инқадар фишору маҳдудиятҳо роҳандозӣ мешавад, боре садо баланд кардаанд ё на, ки дифоъ аз Ислом бошад. Ин суоли воқеиест, ки ҷомеаи мусалмонон интизори онро дорад. Ин ҳама мушкилот дар ҷомеа ҷой дораду касе садо баланд намекунад, бо ин ҳол гӯё мафҳуми исломият дар номи ҳизби сиёсӣ мушкили аслии ҷомеа бошад, ки ин хеле хандаовар аст."

Вазорати адлия: Тағйир додани номи ҳизб танҳо ба ихтиёри худи ҳизб аст

Мудири раёсати бақайдгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлия Раъно Бобоева, дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфт, ки аз нигоҳи қонуниву ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ба ойинномаи ҳизб танҳо ба Анҷумани ҳизби сиёсӣ вобастагӣ дорад, ки дар ойиномааш тағйирот дарораду ину онро ворид кунад ё барорад.

Тибқи қонуни ҶТ дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, таъсис ва фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ба танзим дароварда мешавад. Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик чунин мешуморад, ки руҳониён умуман ҳуқуқи дахолат намудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро надоранд ва бар ҳамагон маълум аст, ки руҳониён дар ташкилотҳои динӣ аъзо мебошанд.

"Мутаассифона, имрӯз ҳам Кумитаи дин ҳам Маркази исломшиносии Тоҷикистон ва руҳониёни маъруфи кишвар ташкилоти диниро аз аҳзоби сиёсӣ фарқ карда наметавонанд. ҲНИТ ягон рабте ба ташкилотҳои динӣ надорад. Ин ташкилоти динӣ набуда, балки як ҳизби сиёсист ва фаъолияти ин ҳизб тибқи қонуни ҶТ дар бораи аҳзоби сиёсӣ роҳандозӣ гардидааст", иброз дошт Файзинисо Воҳидова.

Ба қавли ин ҳуқуқшинос, он вохурӣ дидор бо фаъолони аҳзоби сиёсӣ набуд, ки гӯем чунин пешниҳод ба раиси кишвар омода шавад. Ин вохурӣ дидори рӯҳониён буд онҳое, ки дар ташкилотҳои динӣ аъзоянд. Бинобарин ин пешниҳод мутлақо ғайриқонунӣ мебошад ва агар аз ҷониби раиси кившар ин чиз қабул шавад ҳуқуқвайронкунӣ мебошад. Бо ин вуҷуд Файзинисо Воҳидова чунин мешуморад, ки чун имсол соли интихобот аст ва аз сабаби он, ки дар таи 20 сол рақобати солим ва фарҳанги рақобатро ёд нагирифтаанд, эҳтимоли иҷрои ин гуна пешниҳод ҷой дорад. Чун пеш аз интихобот ба ҳамагуна амалҳо даст задани мақомоти давлатӣ аз эҳтимол дур нест.

Решаи масъала дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ будааст

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ балки дар сатҳи таъин кардани сиёсатҳои ҷаҳонӣ ҳоло низомҳои ба истилоҳ дунявӣ тавони қабули ҳаракатҳои сиёсеро зери номи Ислом надоранд. Решаи масъала дар инҷо меистад.

Ба андешаи Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода, соли 2003 ишора шуда буд, ки моддаи 28-и Сарқонун бояд тағйир кунаду ишораҳои идеологии ҳизбҳоро аз онҷо ҷалб намоянд, вале ҳадаф худи ҲНИТ буд. Аммо вокуниши сареҳи устод Нурӣ ба ин тарҳ, ки моддаи 28 тибқи созиши ҷонибайн бавуҷуд омадааст ва бардоштани он маънои бардоштани созишро дорад: "Ҳамин як ишора тавонист, ки доираҳои манфиатхоҳро аз ингуна иқдом канор бубарад. Вале ингуна афкор ҳаргиз аз фаъолияти рӯзмарраи онҳо дур набудааст ва ҳамагуна фишорҳоро меоварданд то ин ҳизб ба шакли умум пароканда шавад".
Мӯҳр
Сомонй
Бародари Кабирй, шумо ва чонибдоронатон иддао доред, ки дар чомеа нуфузи афзоянда дорем. Агар чунин бошад, пас калимаи "ислом" дар номи хизб ба шумо обру овардааст. Барои хамин ба он истодагарй мекунед. Агар не, онро ба гуфти худатон хазф кунед. Кани бинем, то кучо нуфузатонро химоя мекунед. Шумо хуб медонед, ки мардуми мо на танхо ба калимаи "ислом" балки дар мачмуъ ба Ислом арч мегузоранд.

Абдулло
Офарин бародар рузномнигор хеле хуб тахлил кардаи... дар якчо хуб навиштаи ки имруз баъзе рухониёну хукуматдорони бесавод мегуянд калимаи ИСЛОМРО аз ХНИТ бардоред... яъне ба гуфти онхо дини Ислом баъди бардоштани ин калима пок мешавад?!!! Леин ман ба хамин гуна шахсони Буздили ришвахур гуё ислом дустанд мегуям ки чаро РИШХОИ кориёи Куръонро ё ин ки мулобачахоро капида мачбури метарошиданд идаъо накарданд, ки дар ИСЛОМ ингуна гап нест???!!! ва ё духтархоро ба хичоби исломи намемонанд ба дарс рафтан ё ин ки то хаждахсола писаронро намемонанд ба масчид рафтан чаро ки дар ягончо харф назадед ва хато нагуфтед ки гайри конуни шариаат кор мекунед??!! ё тарсидед? бузлдилхои таёркардаи хукумат!! Агар дар пеши чаноби оли гапзада наметонистен чаро ба мисли хозира дар телеаизион баромад карда лоф мезанен хамингу хам натавонистен ки ба як журналист сухбат кунед баъд меугфтем ки шумо буздилхои гуё ислом дуст дар вокеъ пуштибони ДИНИ МУКАДАСИ ИСЛОМЕН!!! Як чизи дигар ногуфта намонад, ки ХНИТ чи хеле ки набошад доир ба масалахое ки дар ислом теша мезананд вокуниш хам мекунад… лекин донед ки ба Худо кассам аъзои ягон хизб нестам танхо андешахоямро дар инчо каме овардам боки Худо хамамона хидоят кунад!!!

бандаи Худо
химоятгари арзиши демократи номи демократияро гирифтаст, коммунисти номи коммунистро, ...... агар ин номхо байни мардуми шарифи мо арзиш надошта бошад гунохи аъзоёни ХНИТ нест.

Кори сичоуддин
Агар рафту номи исломи мукаддас поктарин калимахои худованди аз номи хизби шумо гирифта шавад, ба шумо чи зиён мерасад.
Ё шумо мисраъи Хофиз
----------------------------------
Доми тазрив макун дагарон куръонро
нахондаед. Монед, амин калимаи мукаддас озод ва беолоиш бошад.
Боз ягон номи дигар кати амал кунед -ку метавонед.

али
Ба сичоуддин !сад хайф ки боз худатро кори муаррифи мекуни садкаи номи кориги шави. Ин номХНИТ имсол чихилумин солгардашро тачлил намуд чаро ин 39 солаш хама нафас ях буд акнун калу куру муллохои динфуруш баъди вохури бо Президент ва тубарин Сичоудинхо забон баровардед. Чавоб яктоаст хизби хоким аз ХНИТ метарсад ва медонад,ки агар интихобот одилона гузарад хизби хоким 10% овоз намегирад ана барои хамин шабу руз дуругу тухмату гандакуниро пеша кардааст. Хавфи хизби хоким бехуда нест бояд барои ин 20-сола горат чавоб гуяд зеро чавоби як горатгари ИРС барои ин хокимон басаст. Ту боши номи КОРИГИРО бад накун хамун Сичоуддин барои ту зебандааст.

эй "озодагон"шумо аз телевизионхои давлати бадтар шуда истодаед,монед хамон ХНИТро

мисли дигарон манам мехостам фикри Худама баён кунам. хамин калимаи Демократия аз номи хизби хоким гирифта шавад чунки хеч нишони демократи дар фоъолияти ин хизб дида намешавад.

muhojir
“Ислом” дар ҲНИТ ба кӣ нафорид?
ba hama naforid

Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода баргузор намудани мулоқоти президент бо намояндагоне аз қишрҳои руҳоният ҳадафмандонаву ҳисобшуда буд, вале масъалаи бардоштани номи "Ислом" аз ҲНИТ пайдоишаш аз ин вохурӣ ё қабл аз ин ҷаласа набуд. сад дар садхато карди мухтарам Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода агар ман намеиасидум хама асоси гапа мегуфтум ин хамаш 45 руз пеш пешниход гардида буд.

Посух ба сомони: Шукр ки фзоиши нуфузи ХНИТ баъзехоро бекарор кардааст, ки зерм имзохои мустаор чунин суолу пешниходхои бемантику кудакона медиханд. Агар номи демократй боиси афзоиши обруи ХДТ ё ХХДТ шавад пас бояд онхо вожаи демократро аз номашон хазф кунанд??????? Вокеан хамбесаводй аз ин поёнтар намешавад. Вале инсоф кучо?

Хохед нахохед мардуми точик исломро интихоб карду мекунад. Демократия барои мо бегона буду хохад буд. Зинда бод ХНИТ

Асаламу алайкум ва рахматуллохи ва баракатух. Ислом дини пешрафта ва покиза ва поянда аст. Ислом динест ки факат аз пайравонаш донишу акл хам танию хамдигар фахми бародарию баробариро мехохад. Баъд ислом дини Худост мухточи донишмандони тарсончак нест. Дар Хадисе омада аст ки шаби меъроч. Пайгамбарамон Мухаммад с.в.с диданд дар дузах касонероки бо кайчихои оташин забону лабони онхоро мебуранд хазрат с.в.с аз малоик пурсиданд инхо кистан? Малоик гуфт ин хамо донишмандоне буданд ки хакро аз мардум пинхон мекарданд. Метарсиданд аз хак гуфтанд. Имрузхам муфтию горгарони хизб бо худашон мефахранд ки мо пуштубони а3 ислом дорем вале хукумат конун бар зиди фармони Худо баровард мисли дар пеши домуло таълими курьон духтарон бо хичоб рафтан мактаб манъ кардани воъизон аз болои минбар ва мавъиза кардан дар чашни туй. Вале инхо метарсанд хато борехам нашунидаем ки яй оят ё хадисе гуфта бошанд. Бо музди хукумат мухточанд аз пуштубони метарсанд. Боз мегуянд Худоё ман туро дуст дорам. Лек Худо чи мегуяд?) Инки Худо дуст надорад форихинро) яъне касе ки бо гирифтани пора ё дигар чи мисли баъзе аз донишмандон даст монданд ки масчиди турачонзодахо ва дигар воъизом баста шавад баста шуд хурсанд шудан Худо мегуяд ман ин хурсандиатро дуст надорам. Дар охир хамин мулохои дунё парастро а3 кор хориц кардан бехтар. Зеро ватан бо конуни ислом зебост курьон барк аст хукмаш дарё

Асаламу алайкум ва рахматуллохи ва баракатух. Ислом дини пешрафта ва покиза ва поянда аст. Ислом динест ки факат аз пайравонаш донишу акл хам танию хамдигар фахми бародарию баробариро мехохад. Баъд ислом дини Худост мухточи донишмандони тарсончак нест. Дар Хадисе омада аст ки шаби меъроч. Пайгамбарамон Мухаммад с.в.с диданд дар дузах касонероки бо кайчихои оташин забону лабони онхоро мебуранд хазрат с.в.с аз малоик пурсиданд инхо кистан? Малоик гуфт ин хамо донишмандоне буданд ки хакро аз мардум пинхон мекарданд. Метарсиданд аз хак гуфтанд. Имрузхам муфтию горгарони хизб бо худашон мефахранд ки мо пуштубони а3 ислом дорем вале хукумат конун бар зиди фармони Худо баровард мисли дар пеши домуло таълими курьон духтарон бо хичоб рафтан мактаб манъ кардани воъизон аз болои минбар ва мавъиза кардан дар чашни туй. Вале инхо метарсанд хато борехам нашунидаем ки яй оят ё хадисе гуфта бошанд. Бо музди хукумат мухточанд аз пуштубони метарсанд. Боз мегуянд Худоё ман туро дуст дорам. Лек Худо чи мегуяд?) Инки Худо дуст надорад форихинро) яъне касе ки бо гирифтани пора ё дигар чи мисли баъзе аз донишмандон даст монданд ки масчиди турачонзодахо ва дигар воъизом баста шавад баста шуд хурсанд шудан Худо мегуяд ман ин хурсандиатро дуст надорам. Дар охир хамин мулохои дунё парастро а3 кор хориц кардан бехтар. Зеро ватан бо конуни ислом зебост курьон барк аст хукмаш дарё

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)