“Само” фарҳанги Тоҷикистонро дар Самарқанд муаррифӣ мекунад
Имрӯз 30-юми август, фестивали “Таронаҳои Шарқ” дар шаҳри Самарқанд, ки намояндагони Тоҷикистон низ дар он ҷо ҳузур доранд, ба анҷом мерасад.
Раҳматулло Раҳматтулоев, масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дар ин фестивал намояндагон аз 88 кишвари дунё ширкат меварзанд: “Тоҷикистонро дар фестивали мазкур гурӯҳи ҳунарии «Само» аз Осорхонаи Гурминҷ Завқибеков намояндагӣ мекунад.” Дар назар аст, ки ғолибони фестивал лаҳзаҳои наздик эълон гарданд.
Фестивали «Таронаҳои Шарқ», аз соли 1997 инҷониб, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад. Ҳунарпешаи тоҷик Озода Ашӯрова соли 2003 дар ин фестивал сазовори ҷойи дуввум гардида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |