“Домашний”-ро дар Узбакистон ба хотири “Ҳарими Султон” бастанд
Пахши барномаҳои телевизиони русии “Домашний” тариқи шабакаҳои симӣ дар Узбакистон қатъ карда шуд.
Расонаҳои узбакӣ иттилоъ медиҳанд, ки шуруъ аз 27-уми август дастрасӣ ба барномаҳои ин шабакаи русӣ дар Узбакистон тавассути телевизиони кабелӣ маҳдуд шудааст. Вале далели қотеи ин тасмим ҳанӯз шарҳ дода нашудааст.
Ба навиштаи хабаргузории русии “Интерфакс” пахши барномаҳои телевизиони русии “Домашний” дар Узбакистон бар асоси протоколи комиссияи оид ба баланд бардоштани таъсирбахшии фаъолиятҳои иттилоотии назди ҳукумати ин кишвар қатъ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳаводорони ин шабака мегӯянд, сабаби баста шудани ин шабака дар Узбакистон намоиши филми туркии “Ҳарими Султон” мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2012 намоиши филмҳои туркӣ дар Узбакистон мануъ эълон шудааст. Коршиносон мегӯянд, ин тасмим баъд аз ба сардӣ гароидани равобити Тошканду Анкара гирифта шудааст.
Масдуд шудани шабакаи телевизионии русӣ дар Узбакистон бори аввал нест, дар гузашта низ пахши барномаҳои шабакаҳои русии “Рен-ТВ”, “ТНТ”, “ДТВ” ва “2x2” дар ин кишвар мамнуъ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |