Баҳси иҷораи чарогоҳҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон
Имрӯз, 28-уми август, дар шаҳри Душанбе ҳайати коршиносони қирғизу тоҷик масоили минтақаҳои баҳсноки наздимарзиро баррасӣ мекунанд.
Токон Мамедов, ноиби сарвазири Қирғизистон ба хабаргузориҳои қирғиз гуфтааст, гуфтушунид дар мавриди минтақаҳои наздимарзӣ чанд рӯз идома хоҳанд дошт: “Зимни гуфтушунидҳо бисёр масъалаҳо муҳокима мегарданд. Яке аз масъалаҳо ин ба иҷора додани чорогоҳҳои қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон аст. Инчунин ҷонибҳо масъалаи сохтмони пули Кулунду-Максат дар ноҳияи Лайлак ва роҳи гузариши Оқсой-Тамдик дар наздикии деҳаи Ворухро муҳокима хоҳанд кард.”
Ин дар ҳолест, ки айни ҳол аз 970.8 киллометр марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 519.1 киллометр ё 53.4% ба пуррагӣ мушаххас шуда, гуфтушунид барои қитъаҳои дигари марз идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |