Ман қолабшиканиро дӯст медорам. Фикр мекунам туйҳо низ бояд қолабӣ набошанд. Аммо ростӣ бархеҳо ба қавли худашон “мегузаронанд”. Мо дар туямон аз ин сарояндаҳо низ даъват кардаем, ки поинтар, аз ҳунарашон “маст” хоҳем шуд. Аммо ҳоло чанд ҷумла аз онҳое, ки моҳирона қолабшиканӣ кардаанд. Сангалӣ Мирзоев яке аз онҳост ва таронаи “Гули санҷид”-аш намуна. Як вақт дар телефон ва интернет як пора аз ин суруд паҳн шуд, ки Сангалӣ бо як гитор мехонад: «Як гули санҷид ба бари рӯи ту, ду гули санҷид ба бари руи ту, се гули санҷид ба барии руи ту...” ва ҳамин хел онро то 20 ё 25 мебурд.
Дар як суҳбат (аниқтараш дар як туй) аз Сангалӣ Мирзоев пурсидам, чӣ гуна шуд, ки таронаи маъруфашро ин гуна тағйир додааст? Посух дод, дар як тӯй (қабл аз қабули қонуни танзим) иштирок мекард ва соҳибхонаҳо ӯро ҳудуди як шабонарӯз меҳмондорӣ кардаву хоҳиш намудаанд суруд бихонад. “Вақте дар хона менишастем ва хостанд, ки суруд бихонам, гиторро гирифта бадоҳатан ҳамин хел зам-зама кардам”,-илова намуд ӯ.
“...човандоз, рақосара қамчин кун...”
Аммо дар бисёр ҳолат қолабшикании сарояндаҳои туйгард беҳунарона ва дур аз мантиқанд. Тавре мегӯянд, баъзан сурудҳояшон тарошаи аз бом афтидаро мемонад. Дар чанд лаҳза овозхон аз ҳофиз ба корманди сирк табдил мешавад. Ман намефаҳмам, ки дар туи хурсандӣ ҳайвонҳо чӣ лозиманд. Ҳайвонҳои хонагӣ - сагу пишак (гурба) майлаш, аммо палангу шер чӣ даркор? Он ҷо маъракаи хурсандии ду дилдода аст, на ҷашни Боғи ҳайвонот. Шояд мегӯед, ин ҷумлаи муалиф ҳам тарошаи аз бом афтида барин шуд. Хуб, мувофиқи талаб (воқеан яке аз дигар калимаҳои дӯстдошта ва серистеъмоли сарояндаҳои туйгард) ҳоло аз суруде мисол мезанем, ки мақсад бароятон рушан шавад. “...пишака саг мехӯрад, сага гург мехӯрад, гургака (чӣ меҳрубонӣ нисбат ба гург) паланг мехӯрад, паланга шер мехӯрад, шера шамшер мехӯрад, шамшера мард мехӯрад, марда зан мехӯрад...” яке аз таронаҳои дӯстдоштаи овозхонҳои туйгарди мо мебошад, ки баъзан “мувофиқи талаб” ду се маротиба иҷро мекунанд. Агар ин қадар “ҳайвонбозӣ” танҳо ба хотири ҷумлаи охир аст, ки “мардро зан мехӯрад”, пас ин ҳам хоси инсон нест...