Ашқобод изҳороти Оқил Оқиловро дурӯғ хонд
Вазорати умури хориҷии Туркманистон бо пахши як изҳорот гуфтаҳои Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистонро, ки барои ҳифзи ҳосили кишоварзони туркман аз обанбори Норак имсол оби бештар раҳо шудааст, беасос хонд.
Вазорати умури хориҷии Туркманистон мегӯяд, ягон дархостеро барои раҳоии бештари об аз Норак ба Тоҷикистон ироа накардаанд. Мақомоти туркман таъкид мекунанд, ки ҳеч дастгирии обиро аз Тоҷикистон нагирифтаанд ва ҳосилоташонро ба шарофати сиёсати дурусти обёрикунӣ ҳифз кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, дар нишасти хотимавии конфронси об дар Душанбе, дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи об, Туркманистонро барои кишварҳои поёноби Осиёи Миёна ибратомез хонд, ки роҳи гуфтушунидро пеша кардааст. Ӯ мисол овард, ки ахиран мақомоти туркман дар муроҷиат ба Тоҷикистон фаҳмонданд, ки барои ниёзи хоҷагидорияшон ба оби бештар ниёз доранд ва ҷониби Тоҷикистон, оби бештарро аз “Норак” раҳо кард ва ниёзи ҳамсояашро баровард.
Оқилов дар пасманзари мавқеъгириҳои зӯргӯёнаи Узбакистон таъкид намуд, ки “Тоҷикистон сиёсаташро дар умури об на дар асоси мухолифатҳо, балки дар асоси якдигарфаҳмию муколама ба роҳ мондааст.” Сарвазири Тоҷикистон бо зикри он, ки дар кишвар нерӯи барқ намерасад ва хоҷагидорӣ дар сатҳи лозима фаъолият карда наметавонад, азхудкунии муштараки захираҳои бузурги обро зарур хонд ва такрор намуд, ки сиёсати Тоҷикистон ба зарари кишварҳои поёноб нигаронида нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |