Пурзӯр шудани тадобири амниятӣ дар Истаравшан
Мақомоти пулиси кишвар барои муайян намудани дастандаркорони куштор дар ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд тадобири амниятиро пурзӯр кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, шоми 22-уми август ҷасади марди тахминан 35-40 сола дар ҷамоати деҳоти Зарҳалоли ноҳияи Истаравшан ёфт гардидааст, ки дар он 11 захми корд дар қисмати қафаси сина аз тарафи чапу рост дида мешавад.
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии кишвар барои муайян намудани ин куштор гуруҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода, ин қазияро таҳти назорати худ қарор додааст.
Ба гуфтаи ронандагон, маъмурони пулис бисёри воситаҳои нақлиёте, ки айни ҳол ба ин ноҳия рафту омад доранд, мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Бояд гуфт, ба қатл расидани сокинони вилояти Суғди Тоҷикистон аз тарафи афроди номаълум ин бори аввал нест, шоми 19 ба 20-уми августи соли ҷорӣ дар ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфараи ин вилоят низ 4 узви як хонавода аз сӯи ашхоси номаълум кушта шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |