Генерали афғон аз як суиқасд ҷон ба саломат бурд
Субҳи имрӯз, 22-юми август дар музофоти Фараҳ, воқеъ дар ғарби Афғонистон фидоии маргталаб худро дар роҳи ҳаракати мошини генерал Абдул Самад, раҳбари раёсати амнияти миллии вилоят мунфаҷир кардааст.
Бино ба иттилои расида, фидоӣ савори мотосикл будааст. Дар натиҷаи таркиш дасти кам 16 нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Абдул Самад аз ин суиқасд ҷон ба саломат бурдааст.
Гуфта мешавад, инфиҷор ҷони як кӯдакро гирифта, 15 каси дигарро захмӣ кардааст, ки 11 тани онҳо сокинони мулкӣ ва 4 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқанд. То имрӯз ҳеч гуруҳе масъулияти ин ҳодисаро бар душ нагирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |