Судяи нав низ мурофиаи Тошев ва Ризоевро ба таъхир гузошт
Баъди дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ҷо ба ҷокунии додрасҳо, судяи баррасикунандаи парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев низ иваз шуда, ба ҷои Мусалмон Шарипов, додраси дигари Хуҷанд, Мустафоқулов раисикунандаи парванда таъин шудааст.
Аммо судяи нав низ, мурофиаи парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро, ки имрӯз, 21-уми август дар назар буд, ба таъхир гузоштааст. Ин ду маҳбус барои паҳни иттилои бардурӯғ дар мавриди шиканҷа дар зиндонҳо муттаҳам мешаванд.
Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев ба “Озодагон” гуфт, мурофиаи додгоҳӣ, имрӯз, 21-уми август дар назар буд, «вале Абубакр Гулматов, адвокати ҷавобгари дигар, Суннатулло Ризоев, аз раисикунандаи мурофиа хоҳиш намуд, ки то ҳафтаи оянда мурофиаро мавқуф гузошта шавад, чун банди парвандаҳои дигар ҳаст ва наметавонад, имрӯз ба додгоҳ ҳозир шавад.»
Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва айни ҳол барои пахши ахбори дурӯғин оиди шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам мешаванд. Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |