Интиқоли 5 ҳазор тон симент дар як моҳ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон
Ҷанторо Сотиболдиев, нахуствазри Қирғизистон мегӯяд, кишвараш дар як моҳ ба Тоҷикистон 5 ҳазор тон симент интиқол хоҳад дод.
Нахуствазири Қирғизистон зимни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе дар ин бора ибрози назаркардааст.
Ӯ гуфтааст, моҳи июн мо ба ҳамтоёни тоҷики худ маълумотномаеро оиди пазириши ҷониби Бишкек барои эҷоди як хонаи тиҷорӣ дар Душанбе ва интиқоли 5 ҳазор тон симент ба Тоҷикистон дар як моҳ фиристодаем.
Сотиболдиев мегӯяд, бо вуҷуди он ки ҳаҷми додугирифти молии ду кишвар дар соли 2012 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ зиёд шудааст, вале ҳанӯз ҳам қонеъ кунанда намебошад.
Ба гуфтаи нахуствазири Қирғизистон, ҳаҷми доду гирифти молии ин ду кишвар дар соли гузашта 43,7 миллион долари амрикоиро ташкил додааст: “Аз ин нишондод, 39, 7 миллион содирот ва 4 миллион воридот мебошад.”
Маврид ба зикр аст, ки Ҷанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон ба хотири иштирок дар Конфронси байналмилалии об дар Душанбе қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |