Мусодираи беш аз 10 кило ҳероин аз сокини пойтахт
Зафар Шарипов, як сокини 46 солаи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми нигоҳдории маводи мухаддир боздошт шудааст. Дар ин бора аз дафтари матбуотии Вазорати умури дохилӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон зимни кофтукови манзили дастгиршуда, 10 килову 204 грамм ҳероин ёфт ва мусодира кардаанд. Гуфта мешавад, Зафар Шарифов қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаҳои 32 ва 104-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон муҷрим шинохта шуда будааст.
Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |