Тошканд барои баҳси об ба Душанбе намеояд?
Султон Раҳимов, муовини аввали вазири меллиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, мегӯяд, гурӯҳе аз олимону мутахассисони Узбакистон ширкати худро дар нишасти байналмилалии об дар Душанбе, ки 20—21-уми август дар назар аст, изҳор намудаанд.
Номбурда, ки имрӯз, 9-уми август, дар брифинги Вазорати умури хориҷӣ сухан меронд, гуфт, бо вуҷуди он, ки олимони мутаххасисони узбак омодагияшонро барои ширкат иброз доштаанд, расман Узбакистон ҳузури ҳайаташро дар ҳамоиш дар Душанбе тасдиқ накардааст.
Хусрав Нозирӣ, масъули Вазорати корҳои хориҷӣ дар брифинги мазкур қайд намуд, ки барои Тоҷикистон, иштироки кишварҳои минтақа дар ин баҳси масоили об муҳим мебошад. Ба қавли Хусрав Нозирӣ, ҷониби Тоҷикистон ба тамоми давлатҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои минтақа барои иштирок дар конфрнси об даъватномаи расмӣ ирсол намудааст: “Аммо то ҳол дар хусуси иштирок кардан ва ё накардани ҳайати расмии Узбакистон хабаре нест.»
Ин дар ҳолест, ки номбурда мегӯяд, кишварҳои дигари минтақа дар пайи даъвати расмии Тоҷикистон аллакай иштирокашонро тасдиқ кардаанд.
Дар брифинг гуфта шуд, ки то ҳол 60 кишвари ҷаҳон омодагии худро барои ширкат дар ҳамоиши об эълон намудаанд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷа, конфронси байналмилалии об 20-21-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд ва интизор меравад, шумораи кишварҳои иштирокчӣ аз ҳади 60 ҳам гузарад. Ҳадафи Конфронси Душанбе мусоидат ба беҳбуди ҳамкорӣ дар соҳаи об, аз ҷумла ҳамкории фаромарзӣ, аз тариқи таблиғи таҷрибаҳои беҳтарин, иштироки ҳамаи тарафҳои манфиатдор, ташвиқ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар тамоми сатҳҳо барои мусоидат ба ноил шудан ба ҳадафҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об ҳамоҳанг шудаанд, арзёбӣ мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |