Пахши барномаҳои нахустини телевизиони Сафо дар Hotbird
Телевизиони тоҷикии “Сафо” дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, шоми ҳаштуми август расман ба пахши барномаҳояш оғоз бахшид.
Барномаҳои нахустини телевизиони мустақили “Сафо”, ки аз тариқи Hotbird (11585/27500) пахш шуд, аз табрикоти Муҳиддин Кабирӣ -- раиси ҲНИТ, Мавлон Мухторов -- муовини раиси Кумитаи дин ва Маҳмудҷони Тӯраҷонзода -- рӯҳонии шинохтаи тоҷик бахшида ба Иди саиди Фитр иборат буд. Дар ин рӯз Максим Шевченко, Алексей Симонов ва Ҳайдар Ҷамол аз Русия низ бо сӯҳбатҳои худ рӯи экранҳои ТВ “Сафо” пайдо шуданд.
Дар рӯзи нахустини кори расмии ТВ “Сафо” бахши хабарии он бо забонҳои тоҷикиву русӣ манзури тамошобинон гардид. Як масъули телевизиони “Сафо” гуфт, дигар даври барномаҳои озмоишии он ки дар нимаи дувуми моҳи июл шуруъ шуда буд, хотима ёфта, ҳоло фаъолияти онҳо расман оғоз ёфтааст. Манбаъ дар посух ба суоли мо дар ин бора ки ТВ “Сафо” оё иҷозаи расмӣ барои пахши барномаҳояшро пайдо кардааст ё не, гуфт, “агар иҷозат намебуд, аз куҷо кор оғоз меёфт?”
Баҳси ташкили телевизионе бо номи “Сафо” дар Маскав моҳи июли соли ҷорӣ ба миён омад. Як масъули он ба “Озодагон” гуфта буд, ин телевизион бештар аз ҳаёти муҳоҷирон суҳбат карда, барномаҳои фарҳангӣ пахш хоҳад кард. Ҳоло сардабирии барномаҳои ТВ “Сафо”-ро хабарнигор ва адиби шинохтаи тоҷик Темури Варқӣ ба уҳда дорад. “Мо барои як бор ба эфир баромадан ба ин шабака наомадем. Худо хоҳад, ин шабакаи барҷаста на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ва дар Афғонистону Эрону Русия хоҳад шуд”,-гуфта буд ӯ чанде пештар ба "Озодагон".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |