Панҷ намояндаи парлумони Итолиё ба хотир дидор ва узрхоҳӣ аз Алмо Шалабоева, ҳамсари мухолифи сарсахти Назарбоев ба Остона омаданд.
Манлио Ди Стефано, яке аз вакилони парлумони Итолиё гуфтааст, бо дарназардошти он, ки хонум Шалабоева бидуни хоҳиши худ ба Қазоқистон баргаштаву ҳамсараш дар ҳолати начандон хуб қарор дорад, вазъияташ вахим арзёбӣ мешавад.
Вакилони парлумони Итолиё, Алессандро Ди Батисто, Манлио Ди Стефано, Даниеле Де Гросо, Карло Себилиё ва Эмануил Скаюзӣ гуфтаанд, ки интиқоли Алмо Шалабоева ва духтараш Алуа ба Қазоқистон ғайриқонунӣ буда, барои бозгашти онҳо ба Аврупо набояд монеае вуҷуд дошта бошад.
Инчунин намояндагони мардумии Итолиё дар Алмаато бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон дидору мулоқот анҷом додаанд.
маврид ба зикр аст, рӯзи 31-уми май ҳамсар ва духтари Мухтор Аблязов, мухолифи аршади ҳукумати Қазоқистон бо фармони Анҷелино Алфано, вазири умури дохилии Итолиё ба хотири ин ки гӯиё шиносномаи қалбакӣ доштаанд, аз Рум берун карда шуда буданд. Дар ҳамин ҳол, додгоҳи Рум қалбакӣ будани шиносномаҳои хонаводаи Мухтор Аблязовро рад карда, қонунӣ будани раванди берункунии онҳоро аз Итолиё мавриди омӯзиш қарор дода буд.
Мухтор Аблязов, мухолифи ҳукумати Қазоқистон ва собиқ домоди раисиҷумҳури ин кишвар, ки дорои паноҳандагии сиёсии Британия мебошад, бо ирсоли як нома аз ин иқдоми ҳукумати Итолиё истиқбол карда, миннатдорияшро барои хомӯш наистодани эшон дар робита ба ин қазия баён кардааст. Сиёсатшиносон ва рӯзноманигорони итолиёвӣ Алфаноро ба он муттаҳам карда буданд, ки ин хонаводаро бо дархости Нурсултон Назарбоев аз ин кишвар берун кардааст. Ба гуфтаи онҳо, вазири умури дохилии Итолиё яке аз шахсиятҳои наздики Силвио Берлусконӣ, собиқ нахуствазири Итолиё ва дӯсти самимии Назарбоев мебошад ва дар мавриди берун кардани ин хонавода раисиҷумҳури Қазоқистон аз ӯ кумак хостааст.
Мӯҳр