Муҷозоти имомхатиб барои хутбаи никоҳи Фотимаи ноболиғ
Саидазам Атоев, имомхатиби масҷиди “Имом Бухорӣ” дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои никоҳи ноболиғ ба як сол ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шуда, дар ин муддат бист дарсад аз маошаш низ ба буҷаи давлат ситонида хоҳад шуд.
Дар ин бора ба “Озодагон” Тоҷиддин Саидов, додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, хабар дода, вале нагуфт, ки имомхатиб аз кадом ҳисоб маош мегирад ва он чӣ қадар аст. Оқои Саидов гуфт, Саидазам Атоев ҳанӯз як соли қабл барои хондани хутбаи никоҳи Фотима Расулова, ки ҳанӯз 16-сола будааст, айбдор мешуд.
Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон синни никоҳӣ дар кишвар 18-солагӣ муқаррар шудааст. Қонун баъзе ҳолатҳои истисноӣ, яъне издивоҷ дар синни 17-ро низ пешбинӣ карда, вале гуфтааст, ин кор бо қарори додгоҳ имконпазир хоҳад буд.
Дар ҳоле “ҷинояти” як имомхатиб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров “рӯи об мебарояд”, ки рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тҷоикистон, бо рӯҳонёин дидору мулоқот ва дар он ҷиноятҳои ҳоҷиёну муллоҳоро низ баршумурд.
Ӯ аз ҷумла аз қазияи Собир Гиёеви 34-сола ёдоварӣ кард, ки дар Восеъ бо лақаби “Мулло Собир” маъруф будааст. Оқои Раҳмон гуфт, “Мулло Собир аввал бо як зан издивоҷ мекунад ва пас аз чанд муддат духтари хурдсоли ин занро, ки аз ӯ 27 сол хурд, яъне ноболиғи 12-сола мебошад, ба никоҳи худ дароварда, ба ҳамин роҳ ҷиноят содир кардааст”. Баъд аз ин, қиссаи Мулло Собир зуд ба расонаҳо роҳ ёфт ва чанд бор аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳам намоиш дода шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |